Август 17, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии рӯзноманигори турк аз сафари мақоми низомии олирутбаи Эрон ба Туркия

Рӯзноманигори турк, сафари раиси Ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро ба Туркия, рӯйдоди таърихӣ донист.

Арҷон Дувалопӣ,  рӯзноманигори рӯзномаи “Оядинлик”-и Туркия, дар бораи сафари генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Туркия ва дидор бо мақомоти ин кишвар гуфт, Эрон ва Туркия ду кишвари қудратманд ҳастанд, ки бо тадобир ва сиёсатҳои худ метавонанд сарнавишти минтақаро таъйин кунанд.

Дувалопчӣ афзуд, Амарико бо ҳузураш дар минтақа субот ва амниятро аз байн бурд ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои минтақа аз назари фарҳангӣ ва масоили эътиқодӣ пайванди решаии амиқе бо якдигар дошта ва доранд.

Ин рӯзноманигори турк гуфт, афзоиш дидорҳои дипломатӣ миёни ду кишвари Эрон ва Туркия ва тасмимҳои дуруст метавонад, тавтеаҳои Амрико ва ғарбро хунсо кунад ҳамчунон, ки мақомоти ду кишвар ҳам бар ин масъала таъкид доранд.

Генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи сешанбе дар сафари се рӯза ба Туркия рафт.

 

 

Барчасп