Август 18, 2017 16:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури падару модари фаронсавӣ дар мазори фарзанди шаҳиди худ дар Қум

Падару модари шаҳид Камол Курсал, аз шаҳидони фаронсавии дифои муқаддас (ҷанги Эрону Ироқ) пас аз гузашти 30 сол аз шаҳодати фарзандашон дар мазори ӯ дар Қум, ҷануби Теҳрон ҳозир шуданд.

Шаҳид Камол Курсал то 15-солагӣ масеҳӣ буд ва бо сафар ба Тунис тавассути падараш мусалмон шуда, пас аз ошноӣ бо ормонҳои Имом Хумайнӣ (раҳ.) мазҳаби ташайюъро интихоб намуду барои таҳсилоти ҳавзаӣ ба Қум сафар кард. Шаҳид Курсал, ки дар мадрасаи “Ҳуҷҷатия”-и Қум таҳсил мекард, бо шурӯи ҷанг довталабона роҳии ҷабҳа шуд ва дар амалиёти “Мирсод-1988” ба шаҳодат расид.

Дар маросими гиродимошти шаҳид Курсал, ки мардум ва ҷамъе аз масъулони Бунёди шаҳид ва умури исоргарони Эрон ҳузур доштанд, падари Камол Курсал бар мазори фарзанди шаҳидаш бӯса зада гуфт: «Ифтихор мекунам, ки фарзандам дар роҳи Ислом қадам гузошт ва ба мақоми шаҳодат ноил шуд». Ҳамчунин теъдоде аз дӯстону ҳамразмони Камол Курсал низ дар ин маросим ба падару модари ин шаҳид ба баёни хотироте аз ҳузури ӯ дар Қум, ҳузури ӯ дар ҷабҳаҳо ва чигунагии шаҳодати ягона шаҳиди аврупоии дифои муқаддас пардохтанд.

 

Барчасп