Сафири Русия дар Эрон: Сиёсати Маскав ва Теҳрон дар Сурия мушобеҳ аст
(last modified Sat, 19 Aug 2017 12:35:41 GMT )
Август 19, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Сафири Русия дар Эрон: Сиёсати Маскав ва Теҳрон дар Сурия мушобеҳ аст

Сафири Русия дар Теҳрон гуфт, ҳамроҳӣ накардани бархе аз кишварҳои ғарбӣ бавижа Амрико бо Эрон, Русия ва Туркия дар Сурия, яке аз авомили кундии муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ аст.

Леван Ҷагарян - сафири Русия дар Теҳрон, рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории ИСНА, дар хусуси ояндаи Ховари Миёна ва густариши гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақа, афзуд, ҳамкориҳои дифоии Эрон ва Русия дар Сурия барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ, ҳамоҳанг ва наздик аст ва сиёсати ду кишвар дар Сурия шабоҳати зиёде дорад.

Ҷагарян, ҳузури Эрон ва Русияро дар Сурия қонунӣ донист ва тасреҳ кард, ҳадафи ҳузури Эрон ва Русия дар Сурия, барои ҳифз субот ва амният дар минтақаи Ховари Миёна будааст.

Вай ҳамчунин гуфт, Русия аз ҳуқуқи байналмилал дар Сурия дифо мекунад ва ба интихоби мардуми Сурия эҳтиром мегузорад ва бояд шароит ва фазои озоду одилона барои мардуми Сурия фароҳам шавад.

Сафири Русия дар Теҳрон, хотирнишон кард, кишварҳои Ироқ ва Сурия дар баробари терроризм мубориза мекунанд ва пирӯзии мардуми Ироқ муқобили гурӯҳи террористии ДИИШ пирӯзии ҳамаи кишварҳо аст.

Ҷагарян дар бораи равобити иқтисодии Эрон ва Русия ҳам гуфт, Теҳрон ва Маскав зарфият ва имконоти зиёде барои тавсеаи муносиботи иқтисодӣ ва тиҷорӣ доранд ва бо истифода аз онҳо метавон шоҳиди афзоиши равобити иқтисодии дуҷониба буд.