Танҳо як вазири пешниҳодии Рӯҳонӣ раъйи эътимод нагирифт
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон ба 16 вазир аз 17 вазири пешниҳодии раисиҷумҳури Эрон, раъйи эътимод доданд.
Рӯзи якшанбе дар саҳни алании Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, раъйгирӣ барои кобинаи ҷадиди Ҳасани Рӯҳонӣ дар даври дуввуми раёсатҷумҳурии ӯ, баргузор шуд ва ба ҷуз яке аз вазирони пешниҳодӣ, бақия тавонистанд аз намояндагони Маҷлиси шӯро, раъйи эътимод бигиранд.
Бар асоси ин гузориш, намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ба Ҳабибуллоҳи Бетараф натавонист барои тасдии вазорати нерӯ, раъйи эътимоди аксарияти намояндагонро касб кунад.
Генерал Амири Ҳотамӣ гузинаи пешниҳодии Рӯҳонӣ барои вазорати дифо бо 261 раъй, аз маҷмӯи 288 раъй бештарин ва Муҳаммадҷаводи Озарии Ҷаҳрумӣ бо 152 раъй, камтарин раъйро аз намояндагон касб карданд.
Намояндагони Маҷлиси Шӯрои Исломи Эрон дар панҷ рӯзи корӣ, барномаҳои вазирони пешниҳодиро баррасӣ ва дар мувофиқат ва мухолифат бо онон суханронӣ карданд.