Август 20, 2017 18:46 Asia/Dushanbe
  • Интисобҳои ҷадиди раисҷумҳури Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳукме муовини иқтисодӣ, раиси дафтар, раиси Созмони барнома ва буҷа, раиси Созмони идорӣ ва истихдоми Эронро таъйин кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар ҳукме Муҳаммад Наҳовандиёнро ба унвони муовини иқтисодии раисҷумҳур ва Маҳмуди Воизиро ба унвони раиси дафтари раисҷумҳур ва сарпарасти ниҳоди раёсатҷумҳурӣ таъйин кард. Раисҷумҳури Эрон ҳамчунин Муҳаммадбоқири Навбахтро ба унвони муовини раисҷумҳур, раиси Созмони барнома ва буҷаи кишвар, Ҷамшеди Ансориро ба унвони муовини раисҷумҳур ва раиси Созмони идорӣ ва истихдоми кишвар мансуб кард.

 

Барчасп