Август 20, 2017 18:52 Asia/Dushanbe
  • Таъйини сарпарастони вазорати нерӯ ва улум, таҳқиқот ва фановарии Эрон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, сарпарастони вазорати нерӯ ва вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Эронро таъйин кард.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон рӯзи якшанбе дар ҳукме Саттори Маҳмудиро ба сарпарастии вазорати нерӯ ва Сайидзиёи Ҳошимиро ба сарпарастии вазорати улум, таҳқиқот ва фановарӣ мансуб кард.

Раисиҷумҳури Эрон, фардеро барои интихоби вазорати улум, таҳқиқот ва фановарӣ ба маҷлис ва барои касби раъйи эътимод муаррифӣ накарда буд, аммо Ҳабибуллоҳи Бетараф- вазири пешниҳодии вай, мақоми вазорати нерӯ, рӯзи якшанбе муваффақ ба касби раъйи эътимоди намояндагони Маҷлиси Эрон нашуд.

Намояндагони Маҷлиси Эрон, рӯзи якшанбе ба 16 вазир аз 17 вазири пешниҳодии раисиҷумҳури Эрон барои тасдии мақоми вазоратхонаҳои мухталиф, раъйи эътимод доданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ҳамчунин дар аҳкоми ҷудогона, 16 вазиреро, ки муваффақ шуданд рӯзи якшанбе раъйи эътимоди Маҷлиси Шӯрои Исломиро касб кунанд, мансуб кард.