Август 21, 2017 16:14 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар тақвияти рӯҳияи инқилобӣ дар насли ҷавон

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, тақвияти рӯҳияи инқилобӣ ва ҷиҳодиро муҳиммтарин вазифаи масъулон ва дастандаркорони фарҳангӣ хонданд ва таъкид карданд, "Ҳамаи талошҳо бояд дар роҳи тарбияти динӣ ва инқилобии ҷавонон сарф шавад".

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи рӯзи душанбе дар дидори ҷамъе аз масъулон ва фаъолони фарҳангии устонҳои Язд ва Ҳамадони Эрон бо таъкид бар лузуми тақвияти рӯҳияи инқилобӣ дар насли ҷавон тасреҳ карданд, масъулони фарҳангӣ муваззафанд, рӯҳия ва ҷараёни инқилобиро дар муҳитҳои мухталиф тақвият ва аз он пуштибонӣ кунанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба бистарҳои фаровоне, ки дар дунёи имрӯз барои гумроҳ кардани насли ҷавон эҷод шудааст, афзуданд, "Дар муқобили ин таблиғоти музир ва садоҳои гумроҳкунанда, зарфиятҳои бузурге барои ҳидоят ва рӯиши ҷавонон вуҷуд дорад".

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ таъкид карданд, “Масъулон бояд ҷараёни азими нируи инқилобиро, ки хушбахтона дар байни ҷавонон ҷараён дорад, тақвият кунанд ва ба гӯнае амал накунанд, ки ҷараёни инқилобӣ, тазъиф ва ҷараёни муқобили он дар муҳитҳои фарҳангӣ, донишгоҳӣ ва таблиғоти динӣ тақвият шавад”.

Эшон, шаҳид Мӯҳсини Ҳуҷаҷиро намунае дурахшон аз рӯишҳои исломӣ ва инқилобӣ хонданд ва гуфтанд, “Шаҳид Ҳуҷаҷии азиз дар дунёе, ки равзанаҳои фиребандаи савтӣ ва тасвирии фаровоне вуҷуд дорад, чунин дурахшид ва Худованд ӯро ҳамчун ҳуҷҷате дар муқобили чашми ҳамагон қарор дод”.

Шаҳид Мӯҳсини Ҳаҷаҷӣ ахиран дар ҷанги Сурия ва Ироқ алайҳи гурӯҳи террористии ДИИШ, ба дасти ин гурӯҳи такфирӣ асир ва сар аз гарданаш ҷудо шуд ва ба шаҳодат расид.

 

Барчасп