Август 14, 2016 10:38 Asia/Dushanbe

Бо дурахшиши Суҳроби Муродӣ, вазнабардори дастаи 92 килограми Эрон, корвони варзишии Эрон дар олимпии Рио соҳиби дувумин нишони тилло шуд.

 Суҳроби Муродӣ- вазнабардори дастаи 94 килограми Эрон дар Бозиҳои олимпӣ, бомдоди якшанбе ба вақти Теҳрон бо маҷмӯи 403 килограм, дувумин медоли тиллои корвони Эронро дар ин рақобатҳо багардан овехт.

Бомдоди рӯзи шанбе низ Киёнуши Рустамӣ, нахустин намояндаи вазнабардории Эрон дар олимпии Рио бо маҷмӯи 396 килограм зимни шикастани рекорди маҷмӯи ҷаҳон ва олимпӣ ба медоли тилло даст ёфта буд.

Муҳаммадризо Барорӣ дар 105 килограм ва Беҳдоди Салимӣ, мудофеи унвони қаҳрамонӣ дар +105 килограм, дигар намояндагони вазнабардории Эрон ҳастанд, ки аз бахтҳои касби медоли тилло маҳсӯб мешаванд.

Бо медоли тиллои Муродӣ, корвони варзишии Эрон дар мусобиқоти олимпи дар рутбаи бистум қарор гирифт.

 

Барчасп