Август 25, 2017 19:50 Asia/Dushanbe
  • Пирӯзии муқтадиронаи куштигири эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Ҳасани Яздонӣ, куштигири Эронӣ (дар вазни 86 кило) бо шикасти пай дар пайи ҳарифони худ дар пайкорҳои қаҳрамонии ҷаҳон ба финали ин мусобиқот роҳ ёфт.

Ба гузориши ИРНА, пайкорҳои куштии озоди қаҳрамонии соли 2017-и ҷаҳон имрӯз, ҷумъа, дар чаҳор вазн, 57, 61, 86 ва 125 килограмм дар Париж оғоз шуд.

Ҳасани Яздонӣ куштигири эронӣ дар дидори нахусти худ Азамат Давлатбеков, куштигир аз Қазоқистонро 12 бар ду шикаст дода, дар дувумин мубориза низ Питер Янолови молдовиро 10 бар сифр аз пеши рӯ бардошт. Яздонӣ сипас дар даври баъд бо Александр Гостев, дорандаи медали нуқра ва биринҷии ҷаҳон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон мубориза карда, ӯро низ бо ҳисоби 10 бар сифр шикаст дод. Яздонӣ ҳамчунин дар марҳалаи ниманиҳоӣ бар Владислав Валев, озодкори рус бо натиҷаи 4 бар сифр ғалаба кард ва ба унвони нахустин финалисти куштии Эрон дар рақобатҳои қаҳрамонии ҷаҳон дар Париж имшаб барои касби медали тило муқобили Макаев аз Словакия мубориза хоҳад кард.