Август 26, 2017 16:52 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳифзи рӯҳияи инқилобӣ ва динӣ дар дипломатия зарурӣ аст

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе ‏др дидори раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва аъзои ҳайати давлат, ҳифзи ҷиҳатгирӣ ва рӯҳияи инқилобӣ ва диниро дар дипломатия муҳим ‏хонданд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин дидор бо баёни инки дар арсаи дипломатия бояд чобук, ба рӯз, сареъ ва ҳушёр амал кард, таъкид карданд, “Бояд дар масоили дипломатӣ ба инқилоби худ ифтихор ва аз амал кардан ба ҳанҷорҳои миллӣ, яъне ҳанҷорҳои баромада аз инқилоб, назири истодагӣ муқобили истикбор, зулмситезӣ ва мухолифат бо низоми султа, эҳсоси иззат кард”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ хотрнишон карданд, пойбандӣ ба мавозеъ ва ҳанҷорҳои инқилобӣ боиси ташхис ва барангехтани эҳтироми дигарон мешавад, зимни инки оини кор бо истифода аз нармишҳо, печишҳо ва таннозиҳои ҳунари дипломатия мунофоте надорад.

Гушудани чатари дипломатия бар ҳамаи ҷаҳон ва тамаркуз накардан бар равобит бо чанд кишвари маҳдуд аз дигар нукоте буд, ки Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар зминаи сиёсати хориҷӣ баён карданд.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ҳамчунин иқтисодро аввлавияти воқеии Эрон хонданд ва бо таъкид бар талоши бевақфаи масъулон барои ҳалли мушкилоти маишатии мардум, аз ҷумла бекории ҷавонон гуфтанд, “Бояд иқтисодро аз нафт халос кард ва ин ҳадафи муҳим бо таваҷҷуҳ ба имконот, зарфиятҳо ва нирӯи инсонии Эрон таҳаққуқпазир аст”.

Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ хитоб ба раисиҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат, 12 тавсия карданд, ки ҳалли мушкилоти мардум, доштани рӯҳияи ҷиҳодӣ ва талоши музоаф ва хастагинопазирӣ, доштани бахши иртибототи мардумии қавӣ, лузуми ҳифз ва тақвияти рӯҳияи мардумӣ ва парҳез аз ишрофигарӣ, аз ҷумлаи тавсияҳои эшон буд.

 

 

Барчасп