Август 26, 2017 17:20 Asia/Dushanbe
  • Филми эронӣ барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Луканяи Италия

Филми эронии “Дари канори ман”, ҷоизаи беҳтарин мустанади кӯтоҳи бахши байналмилалии ҷашнвораи Луканяи Италияро касб кард.

Филми эронии “Дар канори ман”, ки бо ҳадафи ҷазби гардишгарон аз гӯшаву канори ҷаҳон, рустои “Дошбанд” дар устони Озарбойҷони ғарбӣ (шимолу ғарби Эрон)-ро муаррифӣ кардааст, дар рақобат бо мустанадҳое аз кишварҳои дигар тавонист, ҷоизаи беҳтарин мустанади кӯтоҳи бахши байналмилалии ҷашнвораи Луканяи Италияро аз-они худ кунад.

Филми эронии “Дар канори ман”, пеш аз ин низ дар ҷашнвораи байналмилалии “CSFF”-и Амрико, барандаи ҷоизаи беҳтарин филми мустанади хориҷӣ шуда буд.

 

Барчасп