Август 26, 2017 19:33 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳадафи давлати Эрон мубориза бо фақр ва таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯзи шанбе дар дидори аъзои ҳайати давлат бо Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, мубориза бо фақр ва таҳаққуқи адолати иҷтимоиро аз аҳдофи давлати 12-ум баршумурд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин дидор дар гузорише аз иқдомоти давлати ёздаҳум ва барномаҳо ва аҳдофи давлати 12-ум изҳор кард, давлат ба мардуми Эрон қавл додааст, то фақри мутлақро то чаҳор соли оянда решакан кунад.

Рӯҳонӣ, муҳиммтарин муъзали пешруи давлати Эронро масъалаи бекорӣ ва мушкилоти иқтисодӣ хонд ва афзуд, давлати Эрон талош мекунад, солона беш аз 900 ҳазор шуғл барои ҳалли масъалаи бекорӣ эҷод кунад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, таварруми солонаро камтар аз ҳашт дарсад унвон кард ва гуфт, соли гузашта (2016) соли истисноиӣ барои иқтисоди Эрон буд, зеро рушди иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷаҳон аввал шуд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, навсозӣ ва бозсозии саноеат, таҳаввул дар иқтисоди донишбунён ва иттикоъ ба даромадҳои ғайринафтиро аз дигар барномаҳои давлат хонд ва таъкид кард, давлати дувоздаҳум беш аз гузашта бо мушкилот ошно аст ва ҳама бояд барои ҳалли мушкилоти Эрон ба давлат кумак кунанд.

Рӯҳонӣ дар бораи интихоби аъзои давлат низ гуфт, дар интихоби вазирон ва муовинони раисҷумҳурӣ талош шуд, афроде коромад ва шоиста бидуни вобастагии ҷиноҳӣ ва ҳизбӣ даъват ба кор шаванд.

 

Барчасп