Ташреҳи хадамоти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муҳоҷирон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22268-Ташреҳи_хадамоти_Ҷумҳурии_Исломии_Эрон_ба_муҳоҷирон
Мушовири устондор ва мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 35 сол аст, ки мизбони муҳоҷирон аст ва дар ин солҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг, омӯзиш ва дармон ба онон хидматрсонӣ кардааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 27, 2017 12:19 Asia/Dushanbe

Мушовири устондор ва мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Хуросони Разавӣ гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон беш аз 35 сол аст, ки мизбони муҳоҷирон аст ва дар ин солҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла фарҳанг, омӯзиш ва дармон ба онон хидматрсонӣ кардааст.

Муҳаммади Аҷамӣ, рӯзи якшанбе ба муносибати “Ҳафтаи давлат” дар Эрон, ба хабарнигори радио тоҷикии “Садои Хуросон”, гуфт, “Муҳоҷирон ба хусус муҳоҷирони афғонистонӣ, алоқаи зиёде ба масоили фарҳангӣ доранд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба ташаккулҳои фарҳангии муҳоҷирон кумак мекунад”.

Вай гуфт, чандин созмон ва ташаккули фарҳангии муҳоҷирон ва паноҳандагони хориҷӣ, дар шаҳри Машҳади муқаддас сабти ном шуда ва фаъолият мекунанд.

Мушовири устондор ва мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии устони Хуросони Разавӣ баҳси омӯзиш, таҳсили муҳоҷирон ва паноҳандагонро аз муҳиммтарин мабоҳиси мавриди таваҷҷуҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон донист ва гуфт, фарзандони атбои хориҷӣ, чӣ муҳоҷирони қонунӣ ва чӣ касоне, ки ба таври ғайриқонунӣ дар Эрон зиндагӣ мекунанд, дар мадрасаҳои эронӣ сабти ном мешаванд ва аз шароити мушобеҳ бо донишомӯзони эронӣ бархӯрдор ҳастанд.

Аҷамӣ ҳамчунин гуфт, дар бахши бима ва саломат, аз ҷумла дар ваксинсия ҳеҷ тафовуте миёни шаҳрвандони эронӣ ва ғайриэронӣ вуҷуд надоранд ва қарордодҳо ва тафоҳумномаҳое миёни Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид, идораи кулли атбои вазорати кишвар, Созмони бимаи саломат ва Вазорати беҳдошт Эрон мунъақид шудааст, ки бар асоси он, муҳоҷироне, ки дорои корти муътабар бошанд, дафтарчаи бимаи саломат дарёфт мекунанд.

Вай афзуд, ин дафтарча барои муҳоҷирони камбархӯрдор ба сурати ройгон, содир мешавад ва ақшори бархӯрдор ҳам дар баробари пардохти маблағе онро дарёфт мекунанд.

Дар Эрон рӯзҳои 24 то 30 август «Ҳафтаи давлат» номгузорӣ шудааст.