Август 28, 2017 12:51 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти нахустин вазири хориҷаи Эрон пас аз Инқилоб

Вазири умури хориҷаи давлати муваққати Инқилоби Исломии Эрон ба иллати беморӣ, дар сини 86-солагӣ даргузашт.

Ба гузориши ИРНА, Иброҳими Яздӣ, дабири кулли Наҳзати озодии Эрон дар пайи мухолифати Амрико дар пайи судури раводиди вай, зимистони гузашта дар шаҳри Измири Туркия таҳти амали ҷароҳӣ қарор гирифт ва дар ду ҳафтаи ахир, ба иллати вахим шудани ҳолаш дар бемористон бистарӣ буд.

Иброҳими Яздӣ пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979, ба ҳамроҳи Имом Хумайнӣ(раҳ.) ба Эрон бозгашт ва ба фармони эшон ба узвияти Шӯрои Инқилоби Исломии Эрон даромад.

Яздӣ  бо оғоз бакори давлати муваққати Инқилоб, ба мақоми муовини нахуствазир дар умури Инқилоб интихоб шуд.

Вай пас аз истеъфои Карими Санҷобӣ, вазири умури хориҷаи давлати муваққати инқилом муаррифӣ шуд.

Иброҳими Яздӣ пас аз даргузашти муҳандис Маҳдии Бозаргон ба дабирии кулли Наҳзати озодии Эрон интихоб шуд.