Август 28, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Таслияти Солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммад Боқир (а)

Дар шаби шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон ва ҳидоят ва набераи бузургвори расули Худо (с) ҳазрати Имом Муҳаммад Боқир (а) ҷаҳони Ислом, ба вижа Эрони исломӣ якпорча сиёҳпӯш ва азодор аст.

Фардо- сешанбе, 29-уми августи соли 2017, баробар бо ҳафтуми шаҳривари соли 1396 –и хуршедӣ ва ҳафтуми зилҳаҷҷаи 1438-и қамарӣ Солрӯзи шаҳодати пешвои донишманд ва фозили мусалмонон Имом Муҳаммад Боқир (а) аст.

Имом Боқир (а) дар даврони нуронии имомати хеш бо вуҷуди шароити номусоиде, ки бар арсаи фарҳанги исломӣ соя афканда буд, бо талоше ҷиддӣ ва густурда наҳзати бузурги илмиро тарроҳӣ ва шогирдону фақеҳони соҳибноми бисёреро тарбият карданд то ҷое, ки ин ҷунбиши доманадор ба бунёнгузорӣ ва таъсиси як донишгоҳи бузург ва барҷастаи исломӣ анҷомид.

Густурдагии илм ва дониши ҳазрати Имом Муҳаммад Боқир (а) ба ҳадде буд, ки эшонро саромади рӯзгори худ карда буд ва мардум ба он ҳазрат лақаби “Боқир-ул-улум” ба маънои шикофандаи дониш дода буданд.

 Он ҳазрат саранҷом пас аз умре талош дар майдони бандагии Худо ва эҳёи дин ва тарвиҷи илму хадамоти иҷтимоӣ ба ҷомеаи исломӣ, дар рӯзи ҳафтуми моҳи зилҳаҷҷаи соли 114-и қамарӣ ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик, халифаи вақти марвонӣ масмум шуданд ва ба шаҳодат расиданд.

Мардуми мусалмони Эрон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо ширкат дар маросими мазҳабӣ ва ҳузур дар маконҳои муқаддасе ҳамчун ҳарами Имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, дар мусибати шаҳодати панҷумин пешвои мусалмонон сӯгвори мекунанд.

 Радиои тоҷикии Садои Хуросон шаҳодати ин пешвои бузурги Исломро ба ҳамаи мусалмонон ва озодагони ҷаҳон таслият мегӯяд.