Филми эронӣ барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи Ростови Русия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22376
Филми эронии “Зард” барандаи ҷоизаи аслии Ҷашнвораи Пули Ҳунарҳои Ростов (Bridge of Arts) –и Русия шуд.‏
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 29, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Филми эронӣ барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи Ростови Русия

Филми эронии “Зард” барандаи ҷоизаи аслии Ҷашнвораи Пули Ҳунарҳои Ростов (Bridge of Arts) –и Русия шуд.‏

Ба гузориши ИРНА, дар ҷашнвораи чаҳоррӯзаи Пули Ҳунарҳои Ростови Русия, ки рӯзи душанбе поён ёфт, филмҳое аз Эрон, Русия, Фаронса, Чехия, Словакия, Испания, Олмон, Италия, Англия ва Ҷопон бо ҳам рақобат карданд, ки дар ниҳоят филми эронии “Зард” тавонист ҷоизаи аслии ин ҷашнвораро касб кунад.

 Филми эронии “Зард” ҳамчунин моҳи июни соли 2017 ҷоизаи аслии ҳайати доваронро дар Ҷашнвораи байналмилалии Шангхай дарёфт карда буд.

Филми “Зард” дорои паёми инсонӣ аст ва достони ин филми эронӣ мухотабро саргарм ва лаҳзоти фараҳангезеро барои онон муҳайё мекунад.