Август 29, 2017 17:16 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Вазорати нафти Эрон ба шарти шарикони Бобак Занҷонӣ

Масъули кумитаи вусули мутолиботи Вазорати нафти Эрон ба шартгузории шарикони Бобак Занҷонӣ барои пардохти қарзи шарикашон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Асғари Ҳиндӣ, мушовири вазири нафти Эрон ва масъули кумитаи вусули мутолиботи ин вазорат дар вокуниш ба суханони шарикони Бобак Занҷонӣ, ки гуфтаанд, дар сурате ки Ширкати нафти Эрон амволи ӯро бозгардонад, қарзҳои Занҷониро мепардозанд, гуфт, шарикони Занҷонӣ агар мехоҳанд ба ӯ кумак кунанд, амволи мавҷуд дар Тоҷикистон, Туркия ва Малайзияро бозгардонанд. Ӯ бо баёни ин ки баид медонад шарикони Занҷонӣ пуле пардохт кунанд, афзуд, “бо ин ҳол, агар шарикони Занҷонӣ мехоҳанд кумак кунанд, ҳамон амволеро, ки дар ихтиёрашон аст, бидиҳанд ва қатъан ин беҳтарин кумак аст”. Масъули кумитаи вусули мутолиботи Вазорати нафти Эрон гуфт, на танҳо Занҷонӣ ва шариконаш, балки ҳар каси дигаре бихоҳад, қарзи Занҷониро пардохт кунад, Вазорати нафт амволро тибқи қимати коршиносишуда ба ӯ бозмегардонад. Ба гуфтаи Ҳиндӣ, Занҷонӣ амволе ба арзиши 300-350 миллион доллар дар Тоҷикистон, 400-500 миллион доллар дар Туркия ва бахше ҳам дар Малайзия дорад, ки агар шарикони Занҷонӣ ҳамин амволро баргардонанд, қатъан бузургтарин кумак ба ӯст.

Чанд рӯз пеш вакили Бобак Занҷонӣ гуфта буд, шарикони ӯ дар дидор бо масъулони Ширкати нафти Эрон гуфтаанд, дар сурате ки амволи вогузоршудаи Занҷонӣ бозгардонда шавад, ҳозиранд, айни рақами қарзи сабтшуда дар ҳукми Девони Оли Эронро, ки ҳудуди як миллиарду 967 миллиону 500 ҳазор евро аст, пардохт кунанд. Бобак Занҷонӣ муттаҳами аслии парванда нафтие, ки ҳукми эъдомаш дар Девони Олии кишвар таъйид ва ба ӯ дастрас шудааст, гуфта мешавад, дар сурати бозгардондани пулҳо ҳукмаш тахфиф хоҳад ёфт.