Пайкари Иброҳими Яздӣ ба хок супурда шуд (акс+филм)
Август 31, 2017 18:53 Asia/Dushanbe
Иброҳими Яздӣ, вазири умури хориҷаи давлати муваққати Инқилоби Исломии Эрон, дар Теҳрон ба хок супурда шуд.
Иброҳими Яздӣ, вазири умури хориҷаи давлати муваққати Инқилоби Исломӣ, рӯзи душанбе (28 августи 2017) пас аз таҳаммули як давраи беморӣ дар сини 86 солагӣ даргузашт.
Иброҳими Яздӣ пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар соли 1979, ба ҳамроҳи Имом Хумайнӣ(раҳ.) ба Эрон бозгашт ва ба фармони эшон ба узвияти Шӯрои Инқилоби Исломии Эрон даромад.
Яздӣ бо оғоз бакори давлати муваққати Инқилоб, ба мақоми муовини нахуствазир дар умури Инқилоб интихоб шуд.
Вай пас аз истеъфои Карими Санҷобӣ, вазири умури хориҷаи давлати муваққати инқилоб муаррифӣ шуд.