Август 31, 2017 20:03 Asia/Dushanbe
  • Табрики Рӯҳонӣ ба сарони кишварҳои исломи ба муносибати Иди Қурбон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, асри рӯзи панҷшанбе дар паёмҳои ҷудогона Иди Қурбонро ба сарони кишварҳои исломӣ табрик гуфт.

Ба гузориши ИРНА, раисиҷумҳури Эрон дар ин паёмҳо ибрози умедворӣ кард, бо талоши музоафи тамоми давлатҳо ва андешамандони исломӣ, сулҳу оромиш ба кишварҳои исломӣ бозгардад.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ин паём ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, хушунат, ҷанг ва терроризм, ки мироси  қудратмандон барои мазлумон дар манотиқи буҳрон задааст, аз кишварҳои исломӣ дӯр шавад ва чеҳраи зебои Ислом, ки дини раҳмат, сулҳ, тафоҳум, ҳамзистии мусоламатомез ва адолат аст ба ҷаҳон муаррифӣ гардад.

Раисиҷумҳури Эрон дар бахши поёнии паёми худ аз Худованд сулҳ, адолат, дӯстӣ, бародарӣ ва пешрафт ва ободонӣ барои тамоми миллатҳои исломӣ масъалат кард.

 

Барчасп