Иди Қурбон муборак бод!
Ҷумъа даҳуми зилҳиҷҷаи соли 1438 ҳиҷрии қамарӣ баробар ба якуми сентябри 2017 милодӣ ва 10 шаҳривари 1396 ҳиҷри хуршедӣ, Иди Қурбон аз идҳои бузурги мусулмонон аст.
Дар Иди Қурбон ҳоҷиёне, ки ба зиёрати Хонаи Худо шитофтаанд, ба дастури Худованд ва барои ризои Ӯ, қурбонӣ мекунанд ва хотираи Паёмбари бузурги илоҳӣ, ҳазрати Иброҳим (а)-ро зинда медоранд.
Иди Қурбон иди фидокорӣ, аз худгузштагӣ, ғалаба бар ҳавои нафс ва таслим дар баробари фармони Худованд аст.
Мусулмонони ҷаҳон рӯзи даҳуми зилҳиҷҷаро ба унвони як иди бузург ва пуршукӯҳи исломӣ, гиромӣ медоранд ва аз он дарси ихлос ва бандагӣ ба даргоҳи Худованди бузургро меомӯзанд.
Сайт ва радио тоҷикии “Садои Хуросон” Иди Қурбонро ба ҳамаи мусулмонон ҷаҳони табрик ва таҳният мегӯяд.