Сентябр 01, 2017 16:36 Asia/Dushanbe
  • Натиҷаи бозии Эрону Кореяи Ҷанубӣ узбакҳоро умедвор кард

Натиҷаи мусовии бозии Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон дар Сеул боис шуд, узбакистониҳо ба рағми бохт дар баробари Чин ҳамчунон ба доштани имкони ширкат дар Ҷоми Ҷаҳонии Русия-2018 умедвор бошанд.

Рӯзи панҷшанбе, 31-уми август ду тими Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон дар Сеул ба майдон рафтанд, ки ин дидор бо натиҷаи мусовии бидуни гол ба поён расид.

Пирӯзӣ дар ин мусобиқа барои кореягиҳо бисёр аҳамият дошт, то ҷое ки 63 ҳазор тамошобини кореягӣ бо либосҳои сурх ба ранги пироҳани тими миллии ин кишвар барои рӯҳия додан ба тими худ дар варзишгоҳ ҳузур ёфтанд, аммо кореягиҳо ҳатто бо вуҷуди 10-нафара шудани тими футболи Эрон дар нимаи дувуми бозӣ ҳам натавонистанд ба дарвозаи ҳарифи худ гол бизананд.

Тими миллии футболи Кореяи Ҷанубӣ аз 79 моҳи қабл то кунун натавонистааст ба тими миллии футболи Эрон гол бизанад. Дар дигар дидори ин гурӯҳ тими футболи Узбакистон дар Пекин аз ҳарифи худ бо натиҷаи як бар сифр шикаст хӯрд, аммо ҳамчунон бахти ҳузур дар Ҷоми Ҷаҳониро доро аст. Дар сурате ки дар охирин бозии марҳалаи интихоби Ҷоми Ҷаҳонии соли 2018 тими Узбакистон битавонад дар Тошканд тими миллии Кореяи Ҷанубиро шикаст диҳад ва Сурия низ дар Теҳрон аз тими миллии футболи Эрон шикаст бихӯрад, тими футболи Узбакистон метавонад ба унвони тими дувуми гурӯҳи "А"-и Осиё ба Ҷоми Ҷаҳонии Русия роҳ ёбад.