Матисс тарҳи эъзоми неруҳои амрикоӣ ба Афғонистонро имзо кард
Вазири дифои Амрико тарҳи эъзоми неруҳои бештари амрикоӣ барои Афғонистонро имзо кард ва гуфтааст, ки мехоҳад барои нобудии терроризм дар канори Покистон кор кунад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, Ҷеймс Матисс, вазири дифои Амрико тарҳи эъзоми неруҳои бештари амрикоӣ барои Афғонистонро имзо кард ва гуфтааст, ки мехоҳад барои нобудии терроризм дар канори Покистон кор кунад.
Матисс гуфтааст, ки неруҳои амрикоӣ илова бар омӯзиши неруҳои амниятии Афғонистон , салоҳияти мубориза бо душманро низ доранд.
Замоне, ки аз Матисс пурсида шуда, ки Амрико хостори доштани чигуна як равобит бо Покистон аст, гуфт, қасд дорем бо Покистон кор кунем то терроризмро аз байн бибарем фикр мекунам ин чизе аст, ки як миллати масъул анҷом медиҳад. Ҳафтаи гузашта Покистон се дидорро бо мақомҳои баландпоя Амрико лағв кард ва ҳамчунон Маҷлиси намояндагони Покистон дар як қаътнома, изҳороти ахири Амрико дар бораи Покистонро хусуматомез унвон кард.