Гузориши нави Ожонс ; Шиддатёбии талошҳои Амрико барои поймолсозии БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i22555-Гузориши_нави_Ожонс_Шиддатёбии_талошҳои_Амрико_барои_поймолсозии_БАРҶОМ
Дар ҳоле,ки маҳфилҳои сиёсӣ ва расонаии Амрико ба шиддат талош мекунанд пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро бо шубҳа ҳамроҳ кунанд ; интишори гузориши нави Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ин талошҳоро бо мушкили ҷиддӣ ру ба ру кардааст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Сентябр 02, 2017 17:13 Asia/Dushanbe
  • Гузориши нави Ожонс ; Шиддатёбии талошҳои Амрико барои поймолсозии БАРҶОМ

Дар ҳоле,ки маҳфилҳои сиёсӣ ва расонаии Амрико ба шиддат талош мекунанд пойбандии Эрон ба тавофуқи ҳастаиро бо шубҳа ҳамроҳ кунанд ; интишори гузориши нави Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ ин талошҳоро бо мушкили ҷиддӣ ру ба ру кардааст.

Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ дар гузориши нави худ дар бораи Эрон , ки рӯзи панҷшанбе 31-уми август мунташир шуд, бори дигар тасдиқ кард, ки Эрон ба таври комил ба тавофуқи ҳастаӣ пойбанд аст. Интишори ин гузориш мушкилот бар сари роҳи давлати Трамп барои поймолсозии БАРҶОМ-ро дучандон кардааст .  Кохи сафед акнун ба думболи ҷойгузинҳое аст , ки битавонад аз тамдиди тавофуқи ҳастаӣ ҷилавгирӣ кунад. Бархе  нишонаҳо ва изҳори назарҳо аз сӯи манбаъҳои наздик ба Трамп нишон медиҳад, яке аз гузинаҳои эҳтимолии Амрико бекорсозии БАРҶОМ ба баҳонаи ғайрҳастаӣ аст. Дар чунин шароите давлати Трамп мумкин аст эълом кунад Эрон танҳо ба  матни тавофуқ пойбанд буда, аммо бо озмоишҳои мушакӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳое, ки Вашингтон онҳоро террористӣ медонад, «рӯҳ»и онро зери по гузоштааст.

Аммо гузинаи дигаре ҳам матраҳ аст ва он талоши давлати Амрико барои таҳти фишор қарор додани Эрон ба равиши гузашта,яъне додани иттилооти сохтагӣ ба Ожонс аст , ки дар он Эронро ба анҷоми фаъолитҳои ҳастаии шубҳанок муттаҳам карда ва хостори бозрасӣ шавад.

 Трамп ҳафтаи гузашта Неки Ҳили-намояндаи Амрико дар Созмони Миллалро роҳии Вена-қароргоҳи Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ кард. Сафаре, ки гуфта шуд ҳадафи он таҳти фишор қарор додани Ожонс барои дархости бозрасӣ аз марказҳои низомии Эрон будааст. Албатта пеш аз ин низ Амрико бо додани иттилооти дурӯғ эътибори худ ва Ожонсро коҳиш дод ва ба натиҷае ҳам нарасид . Ба ҳамин далел парвандаи мутолиоти иддаоӣ дар хусуси ҳар гуна эҳтимоли фаъолиятҳои низомӣ дар барномаи ҳастаии Эрон барои ҳамеша баста шуд ва Ожонс низ ин мавзӯъро расман эълом кард.

  Лос-анҷелес таймс дар ин замина менависад : «Вақти он аст, ки Трамп аз бозӣ бо ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз тавофуқи ҳастаӣ даст бардорад. То замоне, ки Эрон ба ин тавофуқ пойбанд аст, Иёлоти Муттаҳида ҳам бояд уҳдадориҳояшро иҷро кунад

 Давлати Трамп акнун дар шароити сахт ва дар айни ҳол ғайри қобили пешбинӣ қарор гирифтааст.

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷа, Ҷемс Маттис, вазири дифоъ, генерал Ҳерберт Макмастер, мушовири амнияти миллӣ ва генерал Ҷозеф Донфорд ,раиси ситоди муштараки артиш аз ҷумлаи касоне ҳастанд, ки лағви БАРҶОМ-ро ба суди Амрико намедонанд.

Нашрияи амрикоии Ал-монитор рӯзи ҷумъа дар гузорише навишт : Вуруди Ҷон Кели, раиси нави ситоди коркунони Кохи сафед ва ихроҷи шуморе аз мушовирони Трамп назири Стивен Банон, назарияпардози баландпояи Кохи сафед ё Себастьян Гурка муҷиб шуда, ки дастрасии тарафдорони ифротии хурӯҷ аз БАРҶОМ ба раиси ҷумҳурии Амрико маҳдуд шавад.

Бо ин ҳол ҳол, Трамп нишон додааст, ки қобили пешбинӣ нест. Ба ҳамин далел барои огоҳӣ аз тасмими нави ӯ дар бораи БАРҶОМ бояд то моҳи октябр, ки замони севумин гузориши давлати ӯ дар бораи ин тавофуқ фаро мерасад, мунтазир монд.