Эрон ба кумаки Гурҷистон шитофт
(last modified Sat, 02 Sep 2017 12:19:26 GMT )
Сентябр 02, 2017 17:19 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба кумаки Гурҷистон шитофт

Гурӯҳи 15 нафара аз маъмурони оташнишонии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ду адад чархбол, ба амалиёти хомӯшсозии оташи ҷанглҳои Гурҷистон пайваст.

Ба гузориши ИРНА, Ситоди ҳолатҳои фақулоддаи Гурҷистон эълом кард, гурӯҳи оташнишонии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба минтақаи «Abastumani», дар 220 километрии ғарби Тифлис (пойтахти Гурҷистон) эъзом шуданд, то дар амалиёти маҳори оташсӯзӣ дар ҷанглҳои ин минтақа, мушорикат кунанд. Оташсӯзӣ дар ҷанглҳои минтақаи «Abastumani»-и Гурҷистон, панҷшанбеи гузашта оғоз шуд ва ҳамроҳ бо оташнишонони ин кишвар, гурӯҳҳои оташнишонӣ аз Туркия, Украина ва ҷумҳурии Озарбойҷон низ барои амалиёти хомӯшсозии оташсӯзӣ мушорикат доранд.

Дар ҳоли ҳозир беш аз ҳазор маъмури оташнишон барои маҳори оташсӯзӣ дар ҷанглҳои минтақаи «Abastumani» талош мекунанд.

Ҷанглҳои минтақаи «Баржомӣ» дар 160 километрии ғарби Тифлис, низ ҳафтаи гузашта дучори оташсӯзӣ шуд ва давлати Гурҷистон тавонист бо кумаки ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркия ва Арманистон онро маҳор кунад.

Бар асари оташсӯзӣ дар минтақаи Баржомӣ, ки чанд рӯз идома дошт, беш аз 100 гектар ҷангал нобуд шуд.