Сентябр 03, 2017 16:28 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Раводид ва муҷаввизи сафари ҳайати Саудӣ ба Теҳрон содир шудааст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, раводиди сафар ва муҷаввизи парвози ҳайати Саудӣ ба Теҳрон, содир шудааст ва эҳтимолан саудиҳо пас аз айёми Ҳаҷ ба Эрон сафар хоҳанд кард.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, афзуд, аъзои ҳайати Саудӣ танҳо барои боздид аз бинои дипломатии худ ба Эрон сафар мекунанд, зеро пас аз қатъи равобити сиёсии ду кишвар, ин бино холӣ будааст.

Қосимӣ тасреҳ кард, ҳайати Арабистони аз Эрон дархости муҷаввизи парвоз карда буд, ки ин иҷоза ба онҳо дода шудааст.

Вай ҳамчунин бо баёни ин ки ҳайати эронӣ низ аз бинои дипломатии худ дар Арабистон боздид хоҳад кард, гуфт, ҳайати эронӣ ду ҳафта пеш аз тариқи Уммон барои сафар ба Арабистон раводид дарёфт кардааст.

Қосимӣ таъкид кард, ин тавофуқ дуҷониба буда, ки ҳайатҳои эронӣ ва арабистонӣ барои боздид аз амокини дипломатии худ дар Риёз ва Теҳрон ба кишварҳои муқобил сафар кунанд.

Арабистони Саудӣ сеюми январи 2016 ба баҳонаи ҳамлаи бархе афрод ба сафорат ва консулгарии ин кишвар дар Теҳрон ва Машҳад, равобити дипломатии худро бо Эрон қатъ кард.

 

Барчасп