Сентябр 05, 2017 15:27 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон - бахши дувум

Бахши дувуми дастнавиштаҳои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар даврони маъмурияташ дар ин кишварро дар зер мехонед.

Ӯ дар ин ёддоштҳо, ки бахши нахусти он дирӯз мунташир шуд, ба равобити ду кишвар, ҷанги дохилӣ, музокироти сулҳи Тоҷикистон, нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон ва шахси сафир дар таҳаққуқи сулҳ дар Тоҷикистон пардохтааст.

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ менависад: “Дар таърихи миллатҳои ҷаҳон рӯйдодҳои муҳиме ба сабт расида, ки аҳамияту манзалати онҳо бо гузашти солҳо ҳамчун сарвати миллӣ бештар мешавад ва дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳаққуқи он нақши муҳиме доштааст, аз рӯйдодҳои бо арзиш ва мондагор ба шумор меравад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ дар 26-уми июни соли 2016 ба  солгарди имзои тафоҳумномаи сулҳ бахшида шуда буд, гуфт: "Рӯзи ваҳдати миллӣ барои миллати сулҳпарвари мо падида нодиру пурарзиши таърихи даврони соҳибостиқлоли кишвар ва самараи ҷаҳду талошҳои созандаи фарзандон бонангу номуси тоҷик буда, ҳар сол дар фазои орому осуда, иттиҳоду ҳамдигарфҳмӣ, вусъати бесобиқаи иқдому амалҳои созанда таҷлил мегардад… Бояд гуфт, истиқлол ва ваҳдат дар таърихи навини халқамон ҳамчун омилҳои созанда дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чун ҷузъи ҷудонопазири фарҳанги таҳаммулгароӣ барои пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлатмон заминаи асосӣ гузоштанд”.

Бист сол қабл, 27 июни соли 1997 (7-уми тирмоҳи соли 1376) пас аз музокироти бисёри тӯлонӣ бо ибтикор ва миёнҷигарии чанд кишвар, аз ҷумла Эрон гурӯҳҳои мутахосим дар Тоҷикистон баъд аз панҷ соли ҷангу хунрезӣ ба истиқрори сулҳу ризояти миллӣ дар кишваршон ризоят доданд ва тавофуқномаи сулҳро ба имзо расонданд. Ин санад дар таърихи навини Тоҷикистон муҳимтарин санади сарнавиштсоз ба шумор меравад. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури муҳтарами Тоҷикистон, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба ҷанги шаҳрванди хотима дода, акнун сулҳу оромиш дар Тоҷикистон ҳоким ва ин “сулҳнома” ифтихори тоҷикон дар ҷаҳон аст. Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба улгӯе табдил шуда, ба унвони як падидаи нодири фарҳанги сулҳофаринӣ пазируфта шудааст. Ӯ мегӯяд, ба даст овардани ризоияти миллӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ ва расидан ба зиндагии ором дар Тоҷикистон кори саҳлу осон набуд, аммо бо миёнҷигарии хайрхоҳонаи Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳое мисли Эрон ин мавзеи муҳиму сарнавиштсоз муҳаққақ шуд.

Дар ибтидои солҳои 90, яъне он айёми фоҷиаборе, ки дар натиҷаи фитна ва дасисаи нерӯҳои бадхоҳи хориҷӣ мамлакати Тоҷикистон рӯз ба рӯз нооромтар мешуд, бо ибтикори Эрону Русия гурӯҳои мутахосими тоҷик нишастан бар сари мизи музокираро ягона роҳи наҷоти кишвари тоза ба истиқлолрасидаашон аз нобудӣ дониста, ба музокира ризоят доданд ва санади сулҳу субот дар кишваршонро ба имзо расонданд. Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, моҳият ва ҷавҳари асосии ин санади таърихӣ тарҷеҳ додани иродаи миллӣ ва ормони мардуми сулҳхоҳи Тоҷикистон бар манофеи гурӯҳию қавмӣ буд.

Бар асари ҷангҳои дохилии Тоҷикистон тайи солҳои 1992-1997 ҳудуди як миллион шаҳрванди тоҷик овора гашта, 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дод ва 50 ҳазор кӯдак бе сарпараст монду даҳҳо ҳазор хона тахриб шуд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон аз ин ҷанг афзун бар 10 миллиард доллар хисорат дид ва ин кишвар дар буҳрони шадид қарор гирифт.

 

Барчасп