Май 25, 2021 20:41 Asia/Dushanbe

Раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, устод Лоиқ Шералиро метавон яке аз ватанпарасттарин шоирон донист.

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон рӯзи сешанбе (25 май) дар маросими гиромидошти устоди Лоиқ Шералӣ, ки ба талоши Анҷумани эронии мафохири фарҳангӣ ва ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд афзуд: «Устод Лоиқ бо шеъри баланду номовари "Оё чӣ шуд?", сахт дар пайи ҳифзи ҳувияти таърихӣ ва фарҳангӣ бармеояд ва бисёр ногуфтаҳоро бо забони расои шеър мегӯяд.»

Шабистарӣ ба нақши устод Лоиқ дар пуштибонӣ, нигаҳдошт ва посдошти забони форсӣ ишора кард ва гуфт: «забон худ боризтарин омили ҳифзи ҳувият ва асолатҳои фарҳангӣ аст. Қавм ва миллате, ки ҳангоми ишғол шудан дар дасти бегона битавонад забони худро ҳифз кунад, ҳувияти худро зинда нигаҳ медорад.»

Устод Лоиқ Шералӣ, сардабири маҷаллаи адабии муътабари “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳодияи Шуравӣ аз соли 1995 буд.

Ӯ бо сурӯдаҳои худ ҷони тозае ба колбуди шеъри тоҷикӣ дамид ва ҷойгоҳи онро дар қаламрави шеъру адаби форсизабонон боло буруд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп