Таъкид бар нақши Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон дар таҳкими муносиботи дӯстона
(last modified Thu, 23 Nov 2023 13:02:41 GMT )
Ноябр 23, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Таъкид бар нақши Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон дар таҳкими муносиботи дӯстона

Дар дидори сафири Эрон бо раиси Анҷумани дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ бар нақши ин анҷуман дар таҳкими муносиботи дӯстона миёни ду кишвар таъкид шуд.

Алиризо Ҳақиқиён-сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон бо Саъдуллоҳ Хайруллоҳев-раиси Анҷумани дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дидор кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ин дидор ду тараф бо ишора ба иштирокоти амиқи забонӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва тамаддунӣ байн ду миллати Эрон ва Тоҷикистон аз раванди рӯ ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун дар партави иродаи сарони ду кишвар ибрози ризоят карданд.

Ҳақиқиён бо баёни инки аъзои анҷуманҳои дӯстӣ афроди дилбаста ба таъмиқ ва таҳкими равобити ду кишвар ҳастанд, нақши онҳо дар кумак ба пешбурди муносиботи дӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҷумҳури Тоҷикистонро муҳим тавсиф кард.

 Дар ин мулоқот,ки чанд тан аз аъзои Анҷумани дӯстии Тоҷикистон ва Эрон низ ҳузур доштанд, Хайруллоҳев зимни ишора ба муносиботи наздики ду кишвар пас аз истиқлоли Тоҷикистон то кунун, аз омодагии аъзои ин анҷуман барои мусоидат ба густариши ҳарчи бештари равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба хабар дод.

 Анҷумани дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ дар соли 1958 эҷод шуда ва дар ростои таҳкими равобити фарҳангӣ, дӯстӣ ва таомул бо кишварҳои мухталифи ҷаҳон фаъолият мекунад.