Бисёре аз равшанфикрону адибони тоҷик ба хати форсӣ тасаллут доранд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i101840-Бисёре_аз_равшанфикрону_адибони_тоҷик_ба_хати_форсӣ_тасаллут_доранд
Узви ҳайати мудираи Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфт : Давлати Тоҷикистон тавваҷуҳи зиёде ба нашри китобу густариши фарҳанги китобхонӣ дорад . Акнун бисёре аз равшанфикрону адибони тоҷик бо алоқаву пайгирии худ ба хати форсӣ тасаллут доранд
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 06, 2023 11:59 Asia/Dushanbe
  • Бисёре аз равшанфикрону адибони тоҷик ба хати форсӣ тасаллут доранд

Узви ҳайати мудираи Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон гуфт : Давлати Тоҷикистон тавваҷуҳи зиёде ба нашри китобу густариши фарҳанги китобхонӣ дорад . Акнун бисёре аз равшанфикрону адибони тоҷик бо алоқаву пайгирии худ ба хати форсӣ тасаллут доранд

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Маҳмуд ( Ҳажир ) Теҳронӣ,узви ҳайати мудираи Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар бораи вазъияти саноъати нашри Тоҷикистон изҳор дошт : Вазъияти нашри ин кишвар аз назари густардагӣ ба андозаи Эрон нест, ки албата бояд масоиле чун вазъияти иқтисодии Тоҷикистон, вусъати кишвару ҷамъиятро ҳам дар назар гирифт . Бо ин ҳол давлату дастгоҳҳои марбута иҳтимому тавваҷуҳи зиёде роҷеъ ба нашри китоб ва тарвиҷу ташвиқи китобхонӣ доранд .