Посдошти фарҳанги Тоҷикистон тавассути мустанадсозони синамои Эрон бо намоиши мустанади «Дур машав»
(last modified 2024-07-08T08:05:46+00:00 )
Июл 08, 2024 13:05 Asia/Dushanbe
  • Филми мустанади «Дур машав»
    Филми мустанади «Дур машав»

Мустанади «Дур машав» ба коргардонии Масъуди Аминии Тиронӣ дар бистуҳаштумин барномаи мустанадҳои эроншиносӣ ба намоиш дар меояд ва мавриди нақду баррасӣ қарор мегирад.

Филми мустанади «Дур машав» - филмест дар бораи Давлатманд Холов, навозанда ва хонандаи машҳуру шахсияти барҷастаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон, ки соли қабл дар синни 74 солагӣ даргузашт.

Дар ин барнома Шоҳмансури Шоҳмирзо, намояндаи Тоҷикистон дар ЭКО, Алиашрафи Муҷтаҳиди Шабистарӣ, узви ҳайятмудираи Анҷумани дустии Эрону Тоҷикистон, Акбари Эронӣ, мудири Муассисаи мероси мактуб, Муҳаммад Ҷаъфарии Қанавотӣ, фолклорист ва мудири бахши фолклори Доиратулмаорифи бузурги исломӣ ва Ҷаводи Расулӣ, пажӯҳишгар дар бораи вуҷуҳе чанд аз фарҳанги Тоҷикистон ва иртиботи деринаи он бо Эрону фарҳанги эронӣ суханронӣ мекунанд.

Ин барнома бо ҳадафи посдошти фарҳанги Тоҷикистон ба ҳиммати Анҷумани мустанадсозони синамои Эрон ва Анҷумани дӯстдорони “Шоҳнома”-и Албурз дар шаҳри Караҷ дар наздикии Теҳрон баргузор мешавад.

 

Барчасп