Май 12, 2021 12:25 Asia/Dushanbe
  • Дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 13 апрел Иди саиди Фитр аст
    Дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 13 апрел Иди саиди Фитр аст

Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дар паёме фарорасии Иди Фитрро ба давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,  раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳид Шабистарӣ дар паёме фарорасии иди шарифи Фитрро ба Эмомалӣ Раҳмон,  раисҷумҳур ва миллати бародар, ҳамзабон ва ҳамкеши Тоҷикистон табрик гуфт ва қабули  тоъот ва ибодоти ҳамагиро аз худованди манон хостор шуд.

Шабистарӣ дар паёми худ ҳамчунин бори дигар  омодагии Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистонро барои кумак ба пешрафт ва тавсеаи ҳарчӣ бештари равобити мардуми  байни ду кишвар эълом кард. 

Дар Тоҷикистон панҷшанбеи 13 апрел  рӯзи иди саиди Фитр аст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп