Сентябр 06, 2017 14:46 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон - Бахши севум

Бахши севуми дастнавиштаҳои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар даврони маъмуриятш дар ин кишварро дар зер мехонед.

Ҷангу даргирӣ ва бародаркушӣ дар Тоҷикистон наметавонист аз дили фарҳанги волои тоҷикон сар бароварда бошад ва бидуни тардид бояд дар он ҷои пои бадхоҳон ва душманони мардуми шарифи он кишварро ҷустуҷӯ кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои мухталиф ба ин нукта ишора доштааст. Аз ҷумла дар паём ба Маҷлиси Олӣ дар 22 декабри 2016 гуфт: "Ибтидои соли навадуми асри гузашта, Тоҷикистон бар асари мудохилаи баъзе кишварҳои хориҷӣ, ки зери шиори демократикунонии ҷомеа сурат гирифт, ба гирдоби мухолифатҳои шадиди дохилӣ гирифтор шуд, ин раванд ба ҷанги таҳмилӣ ва фоҷиаи бародаркушӣ оварда расонид."

Тоҷикон таърихи пурфарозу нишеб ва дарднок ва пурҳодисае доштаанд. Саргузашти фарҳанг ва забони мардуми Тоҷикистон, ҳамчун саргузашти сиёсӣ ва иҷтимоияшон, бисёр пурҳошия ва дарднок будааст. Ҳамвора дар маърази туфонҳои сахт ва юришҳои бемантиқи фарҳангҳои заифтар ва хашинтаре буда, ки наметавонистанд бадавияти худро дар рақобат бо ин забон ва фарҳанги куҳансол ва ғанӣ пинҳон созанд ва бартариро бо шамшер ва шиканҷаву адоват ҷустуҷӯ мекарданд.

Ин қитъа аз сарзамини шеър ва адаби ориёӣ, дар қарни шонздаҳуми мелодӣ ба сабаби таассуботи қавмӣ, минтақаӣ, мазҳабӣ ва заъф дар андеша ва тадбири умаро ва салотини вақт, аз пайкари воҳиди Эронзамин ҷудо шуд. Дар ин қарн қабоили турк ва узбак, Осиёи Марказиро тасарруф карданд ва робитаҳои сиёсӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва Эрон ба таври амалӣ қатъ шуд.

Мутаоқибан дар даврони Шуравӣ талошҳои фаровоне барои дур нигоҳ доштани тоҷикон аз фарҳанги ниёгонашон сурат гирифт. Замоне ҳам, ки хостанд тоҷикон давлати худмухтор ё ҷумҳурӣ дошта бошанд, онҳоро аз марказҳои сиёсӣ ва фарҳангии монанди Самарқанд, Бухоро, Фарғона ва..., ки гаҳвораи тамаддуни тоҷикон буд, ҷудо карданд ва дар рустои начандон маъруф, маркази илмию фарҳангӣ ва пойтахт барояшон дуруст карданд. Мардум аз дину мазҳаб маҳрум шуда, масоҷид ва мадрасаҳо вайрон гардида, китобҳо сӯзонда шуда ва аҳли илму ҳунар ба қатл расиданд.

Аз соли 1927 тағйири тадриҷии хатти форсӣ ба алифбои лотинӣ оғоз гардид, то ин ки дар 1929 хатти лотин расмият ёфт ва дар 1940 алифбои кириллӣ ҷойгузини хатти лотин шуд. Бисёре аз фарҳехтагони тоҷик мӯътақиданд, ки ба хотири тағйири хатт, тоҷикон амалан ду бор «бесавод» шуданд ва режими коммунистӣ барои дур намудани онҳо (ки ҷузви маъдуди ақвоми дорои фарҳанги куҳан дар Осиёи Марказӣ буданд) аз фарҳангу ойин ва дини ниёгон, хатти форсиро иваз намуданд.

Ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон низ дар идомаи ҳамон сиёсати дур намудани ҳамзабонон ва ҳамфарҳангон аз ҳамдигар буд, аммо хушбахтона фитнаангезон муваффақ нашуданд ва давлат ва мухолифони тоҷик бо сабақ гирифтан аз фарҳанги ғании худ ва ба кумаки Эрон ба ин ҷанги бародаркуш хотима доданд.

Дар ин ҷо бояд хотирнишон шавад, ки ба рағми талоши бевақфа ва эъмоли хушунати Шуравӣ барои аз байн бурдани дин ва забону фарҳанги тоҷикон, ин мардумони поксиришт бо чангу дандон аз фарҳангу забон ва ойини ниёгони худ муҳофизат карданд.

 

Барчасп