Сентябр 06, 2017 16:25 Asia/Dushanbe

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз давлати Миянмар хост, пеши ваҳшигарӣ зидди мусалмононро бигирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти ҳайати давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон наслкуширо дар дунёи имрӯз ғайриқобили қабул донист ва гуфт, дар Миянмар мардуми мусалмон дучори азобу машаққат шуда ва садҳо ҳазор нафар овора ва теъдоди бисёре кушта шудаанд, ба наҳве, ки ҷасади бархе сӯзонида ва хонаи бисёре аз мардум низ оташ зада шудааст.

Рӯҳонӣ таъкид кард, тафовут байни мардуми Миянмар ва дигар мусалмонони ҷаҳон вуҷуд надорад ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони як кишвари мусалмон ва инқилобӣ дар баробари мазлумони олам, ҳатто агар мусалмон ҳам набошанд, эҳсоси вазифа ва ба онҳо кӯмак мекунад.

 Раиси ҷумҳурии Эрон гуфт: “Давлати Миянмарро даъват мекунем, пеши ҷиноёти ваҳшиёна алайҳи мусалмононро бигирад ва аз кишварҳои ҳамсоя ва дунёи Ислом мехоҳем ба мардуми овораи Миянмар кӯмак кунанд”.

Вай аз Созмони Милали Муттаҳид низ хост, вазифа ва масъулияти худро дар баробари мусалмонони Миянмар анҷом диҳад.

Рӯҳонӣ таъкид кард, “Ҳилол Аҳмар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон омодааст то ба мусалмонони осебдидаи Миянмар кӯмакҳои лозимро ироа кунад.

 

Барчасп