Сентябр 07, 2017 16:18 Asia/Dushanbe
  • Иҷлоси “Гурӯҳи тамос”-и кишварҳои исломӣ барои баррасии фоҷиаи Миёнмор ; Ба зуддӣ

Намояндаи доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид, бо ибрози нигаронӣ аз вазъияти асафбор ва душвори мусулмонони Миёнмор, аз ташкили иҷлоси “Гурӯҳи тамос”-и кишварҳои исломӣ дар рӯзҳои оянда хабар дод.

Ғуломалӣ Хушрӯ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, даври ҷадиди наслкушӣ дар Миёнморро маҳкум кард ва гуфт, ҳамаи кишварҳо бояд барои ҷилавгирӣ аз вуқуъи фоҷиаи инсонӣ дар Миёнмор талош кунанд.

Аз рӯзи ҷумъа (25 август) токунун дар ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор алайҳи мусулмонони Руҳингиё дар ғарби ин кишвар, беш аз ҳазор нафар кушта ва ҳудуди сад ҳазор нафар низ овора шудаанд.

Хушрӯ тасреҳ кард, мусулмонони руҳингиёӣ қарнҳо аст дар Миёнмор зиндагӣ мекунанд, аммо аз ибтидоитарин ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум ҳастанд.

Вай бо баёни ин ки артиши Миёнмор ва ҳомиёни он дар чанд рӯзи гузашта ҳазорон хонаро дар устони Рохин сӯзонда ва садҳо ҳазор мусулмони руҳингиёиро дар кӯҳҳо ва даштҳо оворда кардаанд, тасреҳ кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар рӯзҳои ахир ройзаниҳои фишурдаеро бо кишварҳои исломӣ барои ҷилавгирӣ аз вуқуи фоҷиаи инсонӣ дар Миёнмор анҷом додааст.

Ғуломалӣ Хушрӯ бо баёни ин, ки дар ин ройзаниҳо қарор шуд ба зуддӣ “Гурӯҳи тамос”-и кишварҳои исломӣ дар сутӯҳи сафирон ва вазирон ташкили ҷаласа диҳад, афзуд, Созмони Милали Муттаҳид ҳам бояд аз тариқи Маҷмааи умумӣ ва ниҳодҳои марбут ба таври ҷиддӣ, монеи идомаи ҷиноёти артиш ва буддоиёни Миёнмор алайҳи мусулмонони руҳингиёӣ шавад.

 

 

Барчасп