Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ: Умеде ба ҷомеаи байналмилалӣ нест...
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки умед ба кумаки ҷомеаи байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз куштори мусалмонони руҳингиёӣ нест, аз миллатҳои мусалмон хост, алайҳи ҷиноёти Артиш ва буддоиёни Миёнмор ба по хезанд.
Аз рӯзи ҷумъа, 25-уми август то кунун дар ҷараёни мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгаронаву таҷовузкоронаи Артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё дар устони Рохин, ғарби ин кишвар беш аз ҳазор нафар кушта ва ҳудуди сад ҳазор нафар низ овора шудааст. Устони рохин аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти Артиши миёнмор ва буддоёни ифротӣ алайҳи мусалмонони Руҳингиё аст. Як миллион мусалмони Руҳингиё аз ҳуқуқи доштани мақоми шаҳрвандӣ дар Миёнмор маҳрум аст.
Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо ишора ба нақши режими саҳюнистӣ дар куштори мусалмонони Руҳингия хотирнишон кард, сукути маргбори ҷомеаи байналмилалии муддаии ҳуқуқ башар ва Созмони Милали Муттаҳид дар баробари ҷиноёти Ҳукумати Миёнмор ҳайратовар аст. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба ҷиноёти режими Саудӣ дар Яман низ ишора карда гуфт, Оли Сауд кӯчактарин эътиқоде ба дини мубини Ислом надорад. Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин ба талоши Амрико барои боздид аз марокизи низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора карда гуфт, Амрико ин орзуро ба гӯр хоҳад бурд. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки бозрасони Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ борҳо эътироф кардаанд, фаъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон комилан сулҳомез аст, таъкид кард, Теҳрон ҳамкории фарортар аз чорчӯби қавонини байналмилалӣ бо ожонс доштааст.
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон низ ахиран дар посух ба густохиҳои ҳамешагии мақомҳои Амрико мабнӣ бар боздид аз марокизи низомии Эрон таъкид кард, ин дархост хилофи меъёрҳои байналмилалии амрикоиҳо аз хобҳои таъбирношуданӣ ва орзуҳоест, ки ба самар нахоҳад расид.