Касби нахустин медал дар таърихи қаиқронии бонувони Эрон
Сентябр 08, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
Тими қаиқронии бонувони Эрон дар мусобиқоти “Драгон боат”-и қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳон дар Венетсияи Италия бо касби медали биринҷӣ аввалин медал дар таърихи қаиқронии занони Эронро дар ин мусобиқот касб кард.
Ба гузориши бахши дарии Радиои бурунмарзии Эрон, дар финали мусобиқоти “Драгон боат”, дар масофаи 200 метр тими бонувони Эрон пас аз намояндагони Украина ва Олмон мақоми сеюмро касб карда, медали биринҷии қаҳрамонии бошгоҳҳои ҷаҳонро касб кард. Намояндагоне аз Венгрия ва Филиппин низ рутбаҳои чаҳорум то шашумро аз они худ карданд.
“Драгон боат” гунае аз қаиқи дарозпайкар аст, ки дар мусобиқоти тимҳои қаиқронӣ аз он истифода мешавад.