Қадрдонӣ аз нақши Эрон дар ҳалли буҳронҳои ҳавонаврдии ахир дар минтақа
Сеюмин нишасти “Баррасии вазъияти мудирияти ҳамлу нақли ҳавоӣ ва обии минтақаи Ховари Миёна” бо тақдир аз нақши Эрон дар ҳалли мушкилоти ҳамлу нақли ҳавоии ношӣ аз буҳронҳои минтақаӣ баргузор шуд.
Сеюмин нишасти “Баррасии вазъияти мудирияти ҳамлу нақли ҳавоӣ ва обии минтақаи Ховари Миёна” бо тамаркуз бар буҳрони таҳрими кишварҳои Арабистони Саудӣ, Иморот, Баҳрайн ва Миср бар рӯйи парвозҳои қатарӣ ва барномарезӣ барои мудирияти шароити мавҷуд ва ояндаи ҳамлу нақли ҳавоӣ бо дар назар гирифтани эминии парвозҳои убурӣ ва таҳлили иқдомоти суратгирифта тавассути ҳар яке аз кишварҳои минтақаӣ тайи семоҳаи ахир дар дафтари Қоҳираи Созмони байналмилалии ҳавонаварди ғайринизомӣ, ICAO баргузор шуд. Дар ин нишаст намояндагоне аз кишварҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Қатар, Иморот, Баҳрайн, Кувейт, ҳамчунин мудири нақлиёти ҳавоии дафтари марказии Созмони байналмилалии ҳавонавардии ғайринизомӣ дар Монреал ва мудири амалиёти дафтари минтақаии Анҷумани байналмилалии ҳамлу нақли ҳавоӣ, IATA дар минтақаи Ховари Миёна ҳузур доштанд.
Арабистон ва ҳампаймононаш, Миср, Иморот ва Баҳрайн аз панҷуми июни соли 2017 равобити дипломатии худро бо Қатар қатъ ва марзҳои заминию баҳрӣ ва ҳавои худро ба рӯйи ин кишвар бастанд. Ин чаҳор кишвар Қатарро ба ҳамсӯ набудан бо ҷараёни арабӣ ба раҳбарии Риёз муттаҳам карданд. Вазири дифои Қатар ахиран эълом кард, пас аз таҳрими чаҳор кишвари арабӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гушудани ҳарими ҳавоии худ бар рӯйи парвозҳои Қатар нахустин роҳи нафасгириро ба Доҳа боз кард.