Солеҳӣ: Бо шикасти БАРҶОМ тарафи муқобил бештар зарар хоҳад кард
Раиси Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо таъкид бар ин, ки дар сурати аз байн рафтани тавофуқи ҳастаӣ тарафи муқобил бештар зарар хоҳад кард, тасреҳ кард, шикасти БАРҶОМ боис хоҳад шуд, эрониён дигар ба ғарбиҳо эътимод накунанд.
Тавофуқи ҳастаӣ Эрон ва гурӯҳи 5+1 аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора БАРҶОМ-ро нақз мекунад.
Доналд Трамп ҳамвора бар хилофи мавозеи тарфҳои дигари БАРҶОМ, Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро тавофуқи ваҳшатнок хонда ва хостори барҳам задани он аст, аммо ҷаҳон мухолифи ин иқдоми хасмонаи Трамп аст.
Алиакбари Солеҳӣ бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора ба БАРҶОМ пойбанд будааст, тасреҳ кард, дар сурати хурӯҷи Амрико ва дигар кишварҳо аз тавофуқи ҳастаӣ, Эрон низ дигар ба тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ пойбанд нахоҳад буд.
Вай афзуд, фишор ва бадаҳдиҳои Амрико миллати Эронро муттаҳид ва муттакӣ ба худ сохтааст.
Солеҳӣ ҳамчунин хотирнишон кард, дар сурати аз байн рафтани БАРҶОМ дигар шонсе барои ҳаллу фасли буҳрони шибҳи ҷазираи Коррея вуҷуд нахоҳад дошт.
Вай гуфт, агар тавофуқи ҳастаӣ аз байн биравад, Пхенян мутмаин хоҳад шуд Амрико ва Ғарб қобили эътимод нестанд.
Вашингтон, ки нақш ба сазое дар афзоиши танишҳо дар шибиҳи ҷазираи Корея дорад, ҳамвора хостори таваққуфи озмоишҳои низомӣ ва ҳастаии Кореяи Шимолӣ аст. Аммо Пхенян борҳо таъкид кардааст, то замоне, ки Амрико ва муттаҳидонаш ба таҳдидҳояшон зидди Кореяи Шимолӣ идома диҳанд, ин кишвар низ ба тақвияти тавонмандиҳои низомӣ ва тавоноии ҳамлаи пешдастонаи худ идома хоҳад.