Сентябр 10, 2017 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон - Бахши панҷум

Бахши панҷуми дастнавиштаҳои Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, дар даврони маъмурияташ дар ин кишварро дар зер мехонед.

Миёнҷигарии Эрон дар мунозиъаи тоҷикон ба ҳамон рӯзҳои аввали нооромиҳо бар мегардад.

Дар пайи аввалин гузоришоти сафорати Эрон дар мавриди нооромиҳо дар Душанбе, раисиҷумҳури вақт оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ дар урдубиҳишти 1371 (майи1992) тамоси телефонӣ бо раисиҷумҳури вақти Тоҷикистон (Раҳмон Набиев), омодагии Эронро барои ҳар гуна кумак дар ҷиҳати истиқрори сулҳу оромиш ба тарафи тоҷикӣ эълом намуд.

Сафири Эрон дар Душанбе низ дар ростои сиёсати кишвари худ, дар мулоқотҳо ва мусоҳибаҳояш ба унвони як бародар, тарафайнро ба хештандорӣ даъват менмуд. Сиёсати Эрон ҷонибдорӣ аз ҳеҷ гурӯҳ ва ҳизбе набуда ва тамоми талоши худро дар ҷиҳати оромиш ва амнияти Тоҷикистон мутамаркиз карда буд.

Дар авоили тирамоҳи 1992 (1371), ки ба сабаби шиддати даргириҳо, тамоми дипломатҳо ва иддае аз аҳолӣ шаҳри Душанберо тарк карда буданд, ба рағми вазъияти ҷангии хатарнок, Шабистарӣ шаҳрро тарк накард. Ин амр сабаб шуд, ки таблиғоти манфии фитнагарон ва душманони дӯстии ду миллат, то ҳудуди зиёде хунсо шуда ва тоҷикон комилан эҳсос кунанд, ки Эрон танҳо кишваре аст, ки онҳоро дар сахтӣ ва ғам танҳо намегузорад.

Қобили зикр аст, дар ҳамон рӯзҳое, ки сафири Амрико бо муҳофизи мусаллаҳ рафту омад мекард ва ба ҳангоми тарки Душанбе, масири ҳутел то фурудгоҳро бо автомобилҳои зиреҳӣ тай намуд, сафир Эрон ҳаргиз ҳамроҳи худ муҳофиз надошт ва монанди мардуми оддӣ дар хиёбонҳо рафту омад карда ва дар маросими азову шодии мардум ва ё маросими дигар ширкат менамуд.

Оғози ҷанги дохилӣ баста шудани роҳҳо, вазъияти маишатии сахте дар Тоҷикистон, бавижа Душанбе ва Кӯлоб ба вуҷуд оварда буд. Дар ин шароит Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин кишваре буд, ки кумакҳои башардӯстонаи худро аз тариқи Ҳилоли Аҳмар бо ҳавопаймо ба Душанбе мунтақил намуда ва дар ихтиёри ниёзмандон ва гурезаҳо[овора шудагон] қарор медод.

Бо таваҷҷуҳ ба инки роҳҳои мунтаҳӣ ба Кӯлоб (мухолифини ҳукумати вақт баъд аз даргириҳои Душанбе умдатан дар онҷо мустақар буданд), муҳосира шуда буд ва ахбори расида аз он минтақа, ҳикоят аз камбуди маводи ғизоӣ дошт, сафири Эрон талош мекард, то имкони ирсоли миқдоре орд ба онҷоро низ фароҳам кунад. Дар ин росто, дар 22 обон 1371 (12 ноябри 1992) тавонист, аз дафтари оқои Аслиддин Соҳибназар, муовини нахуствазири давлати мусолиҳаи миллӣ бо оқои Эмомалӣ Раҳмон (дар он замон раиси Кумитаи иҷроии Кӯлоб буд), телефонӣ сӯҳбат кунад.

Сӯҳбат нисбатан тӯлонӣ буд ва оқои Раҳмон гилагузорӣ мекард. Сафир кӯшиш намуд, ки мавзеи бетарафонаи кишвараш ва низ таблиғоти манфии душманони дӯстии ду миллатро ёдоварӣ кунад ва иҷоза бихоҳад, ки ба унвони кумак, миқдоре орд ирсол кунад. Гарчӣ оқои Раҳмон чандон тамоюле ба дарёфти ин кумак нишон надод, вале рӯзи баъд се ҳавопаймои кӯчаки маҳмулаи орд ба Кӯлоб мунтақил гардид. Нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар мавриди ҳамли орд ба Кӯлоб ин буд, ки ба сабаби ҷави мавҷуд байни ҷавонони Душанбе бар алайҳи Кӯлоб, касе ҳозир ба боргирии ордҳо нашуд ва коркунони сафорат худашон шабона онҳоро дохили мошин гузоштанд ва субҳи зуд ба фурудгоҳ интиқол дода шуд.

{Лозим медонам дар ҳаминҷо ин нуктаро бигӯям, ки пас аз рӯйи кор омадани давлати ҷадид, вақте оқои Раҳмон ба унвони раиси парлумон ва шахси аввали кишвар дар Иҷлосияи Хуҷанд, интихоб шуда ва мутаоқибан дар Душанбе мустақар гардид, дар остонаи Рӯзи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар муқобили аъзои кобинаи худ дар бӯстонсарои давлатӣ, зимни ишора ба дӯстии ду кишвар, бо шаҳомат ва сароҳати тамом гуфт, ман аз ин кас (Шабистарӣ) узр пурсиданӣ ҳастам, ногуфтаҳое аз равобити Эрон ва Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон узрхоҳӣ мекунам] чун дар тамоси телефонӣ дар Кӯлоб бо ӯ сахт гап зада будам (ба тундӣ сӯҳбат карда будам).

 

Барчасп