Сентябр 11, 2017 14:34 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Бояд бар давлати Миёнмор фишор овард

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз иттифоқи назари кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ, дар бораи зарурати фишор бар давлати Миёнмор хабар дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ якшанбешаб дар бозгашт аз иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар ҳавзаи илм ва фанноварӣ, ки дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, сарони кишварҳои узви ин созмон дар бораи фишор овардан бар давлати Миёнмор барои таваққуфи наслкушии мусулмонон иттифоқи назар доранд.

Вай афзуд, ҳама мӯътақид буданд, бояд ба оворагон дар Миёнмор кӯмак шавад, зеро ба тадриҷ фасли борандагӣ ва сармо фаро мерасад ва бояд барои кӯмак ба оворагон талоши бештар ва ҷиддитаре анҷом дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, дар дидорҳои дуҷонибааш бо раисони ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Узбакистон низ бар зарурати таваҷҷуҳи ҷиддии ҷаҳони Ислом ба вазъияти мусулмони мазлуми Руҳингиё таъкид кардааст.

Аз рӯзи ҷумъа (25 август), токунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор, алайҳи мусулмонони Руҳингиё дар устони Рохин дар ғарби ин кишвар, садҳо мусулмони руҳингиёӣ кушта ва ҳашт ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.