Сентябр 11, 2017 16:28 Asia/Dushanbe
  • Cухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон: Нуфузи Эрон дар минтақа табиӣ ва равшан аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, бархе кишварҳои минтақа ва Амрико бо бакоргирии бархе вожаҳо манофеи худро думбол мекунанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзии Садо ва Симо, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи иддаоҳои мубҳами вазири умури хориҷаи Арабистон зидди Эрон баъд аз тамоси телефонии ахири раиси ҷумҳурии Амрико афзуд: “Нуфузи Эрон дар минтақа баҳси табиӣ ва бисёр равшане аст; фарҳанг ва тамаддун дар асорати ҷуғрофиё қарор намегирд ва он чӣ дар муҳит перомуни Эрон вуҷуд дорад, баҳси тамаддунӣ аст”.

Сухангӯи дастгоҳи дипломатии Эрон бо баёни ин ки баҳси “Эронҳаросӣ” ҳарбаи нахнамо (мавзӯи кӯҳна) ва аз давр хориҷшудае аст, изҳор дошт, тарҳи вожаҳое мабнӣ бар нигаронӣ аз нуфузи Эрон сиёсати ғалате аст, ки бархе саъй мекунанд бо баҳрагирӣ аз он Эронро аз минтақа ҷудо кунанд ва ба қудратҳои хориҷӣ иҷоза диҳанд дар ҷиҳати холӣ кардани хазонаи миллатҳои минтақа гом бардоранд.

 Қосимӣ ҳамчунин дар посух ба иддаои рӯзномаи “Дейли Телеграф”, чопи Лондон дар бораи кӯмаки Эрон ба Кореяи Шимолӣ дар ҳавзаи таслеҳоти мушакӣ гуфт, ин изҳорот ҳарфҳои берабте аст, ки қобили эътино нест ва пардохтан ба он вақт талаф кардан аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар ибтидои нишасти хабарӣ бо маҳкум кардани ҷиноёти артиши Миёнмор зидди мусалмонони Руҳингиё, бо ҳодисадидагони тӯфон дар Амрико ва зилзила дар Мексика ибрози ҳамдардӣ кард.

 

Барчасп