Сентябр 11, 2017 18:23 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон -бахши шашум

Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустини сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон хотироти маъмурияти худро дар ин кишвар, ки ба равобити ду кишвар, ҷанги дохилӣ, музокироти сулҳи Тоҷикистон ва нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон, шахси сафир дар таҳаққуқи сулҳ дар Тоҷикистон мепардозад, ба риштаи таҳрир даровардааст, ки бахши шашуми он тақдим мешавад:

Бо баргузории иҷлоси Хуҷанд ва интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба унвони раиси парлумон ва шахси аввали кишвар дар 26-уми ноябри соли 1992 ҳукумати ҷадид рӯй кор омад. Пас аз вуруди ҳукумати ҷадид ба Душанбе дар 12-уми декабри соли 1992 ва даргириҳои шадиди чандрӯза ҷанги дохилии Тоҷикистон вориди марҳалаи тозае шуд ва иддае аз мухолифини ҳукумати ҷадид, ки аъзо ё ҳомиёни Ҳукумати Муросои Миллӣ буданд, ба Афғонистон ва бархе аз раҳбарони сиёсӣ ба Эрон паноҳанда шуданд.

Мутаассифона, дар айёми ҷанги дохилӣ таблиғоти манфии бархе аз расонаҳои кишварҳо ва гурӯҳҳои минтақа алайҳи Эрон (нифоқафканӣ ва фитнаангезии онҳо байни форсизабонон собиқаи тӯлонӣ дошта, дар навиштаҳои устод Садриддин Айнӣ, устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, ашъори Лоиқ Шералӣ ва дигар бузургони тоҷик мунъакис шудааст) дар иҷлосияи ноябри соли 1992 дар Хуҷанд дар суҳбатҳои яке аз суханронон мутаҷаллӣ гардид ва ҷумалоти ношоистае дар бораи Эрон ба забон оварда шуд. Ин амр сабаби нигаронии бисёре аз фарҳехтагони тоҷику алоқамандони таҳкими равобити Эрону Тоҷикистон гардид, то ҷое ки фардои он рӯз марҳум устод Муҳаммад Осимӣ ва устод Муъмин Қаноат, ки аз иҷлосияи Хуҷанд баргашта буданд, саросема назди сафир омада, аз чигунагии инъикоси он ҳарфҳо дар Эрон ҷӯё шуданд. Ба эшон гуфтам, аз он шахс интизори бештаре надоштам, чун ӯ ҳам таҳти таъсири таблиғоти манфиатҷӯи сиёсии мавҷуд қарор гирифта, он суханҳоро ба забон овардааст ва итминон дорам, бародарию садоқати мо нисбат ба тоҷикон ба ӯ ҳам собит хоҳад шуд. Зимнан бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷаноби оқои Раҳмон ба унвони шахси аввали ҳукумат дар суханронии худ яке аз пояҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистонро тақвияти равобит бо кишварҳои форсизабон ном бурданд, ман дар гузориши худ ба Вазорати умури хориҷии кишвар суханони оқои Раҳмонро пурранг карда, ҳарфҳои фарди дигарро беаҳамият ҷилва додам, то дар шароити ҳассоси кунунӣ аксуламали шитобзада надошта бошем.

Бояд эътироф кард, ки даврони ҷанги дохилӣ ва ҳузури раҳбарони оппозитсиюн дар Эрон яке аз мушкилтарин шароитро барои равобити ду кишвар ба вуҷуд овард. Аз як тараф Эрон ба шиддат алоқаманд буд, ки робитаи худро бо ягона давлати форсизабон дар Осиёи Миёна тақвият бахшад ва лозимаи ин кор эътимодсозӣ бо ҳукумати ҷадиди оқои Раҳмон буд. Аз сӯи дигар Ҷумҳурии Исломии Эронро мебоист ҷиҳати истиқрори сулҳу оромиш дар Тоҷикистон раҳбарони мухолифони муқими Эрону Афғонистонро розӣ кунад, то бо ҳукумати ҷадид музокира намоянд.  Зиёд аз ин шайтанатҳои кишварҳои Русия, Узбакистон ва Амрикоро, ки дар он рӯзҳо дар пайи хадшадор намудан, қатъи равобити мо ва Тоҷикистон буданд, хунсо намояд (дар он айём илова бар дастгоҳи дипломатии кишвар шахси ҷаноби оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва ҷаноби оқои Рӯҳонӣ, ки раёсати Шӯрои олии амнияти миллиро ба уҳда доштанд, таҳаввулоти Тоҷикистонро бо диққату ҳассосият дунбол мекарданд).

Бадеҳист, дар чунин шароите, ки Ҳукумати Тоҷикистон интизори ҳимоят аз Эрон дошт ва дар муқобили мухолифин хоҳони қатъи равобити Эрон бо ҳукумат буд, иттихози сиёсати ҷонибдорона аз яке аз тарафайни даргирӣ ва ё пайравӣ аз сиёсати бетарафона барои Эрон осонтар буд, вале бо иноият ба тамоми ҷавониби амру дастури сареҳи Қуръон ба кӯшиш барои барқарории сулҳу оштӣ байни бародарони динӣ ва бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти ҳаётии амнияти Тоҷикистон барои Эрон ва ин ки сарнавишти мардумони ду кишвар бо ҳам гиреҳ хӯрда, Эрон наметавонист бетафовут бимонад ва бо илм ба мушкилоту гирифториҳо, сиёсати миёнҷигариро иттихоз намуд ва дар ин росто зимни ҳифзу тақвияти равобит бо ҳукумати ҷадид ҷиҳати эътимодсозӣ бо раҳбарони мухолифин низ тамосҳои мудовим ҷиҳати тарғиби онҳо ба музокира бо ҳукумат сурат мегирифт ва дар айни ҳол музокироти муқаддамотӣ бо Русия ва Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати истиқрори оташбас ва пайдо кардани роҳҳали сиёсӣ оғоз шуд. Бемуносибат нест дар ҳамин ҷо ёдовар шавам, ки яке аз мушкилоти сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ин буд, дар шароите ки раҳбарони мухолифин дар Теҳрон иқомат доштанд, масъулини он кишварро тавҷеҳ намояд, ки аввалан ин афрод ба даъвати мо ба Эрон наомадаанд ва сониян, чунончӣ, онҳо дар ҳар кишвари дигаре паноҳанда мешуданд, кишвари пазиранда аз онҳо ҷиҳати аҳдофи худ сӯистифода менамуд. Дар ҳоле ки Ҳукумати Эрон ҳеҷ ҳадафе ҷуз истиқрори ҳарчи сареътари оромиш дар кишвари дӯсту бародари Тоҷикистон надошта ва бо тамосҳои идомадор бо мухолифин онҳоро ба музокира бо давлат барои расидан ба оташбас ва сулҳ тарғиб менамуд. Бо итминон метавон гуфт, агар нақши миёнҷигарона ва созандаи Эрон намебуд, ҷанги дохилии Тоҷикистон ба дарозо кашида ва он кишвар ба Афғонистони дигаре табдил мешуд.

Лозим ба зикр аст, ки ҳама нерӯҳои Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар мавриди музокира бо ҳукумат ва мусолиҳа дидгоҳи яксон надошта, бархе аз онҳо мавозеи тундтареро дунбол мекарданд. Ҷумҳурии Исломии Эрон саъй дошт, аз ҳоким шудани дидгоҳҳои ифротӣ бар музокирот ҷилавгирӣ карда, нерӯҳои миёнарав ва муътадил ба раҳбарии устод Нуриро тақвият намояд ва ҳамин амр сабаби пешрафт ва натиҷабахш будани музокирот гашт. Ҳузури раҳбарони мухолифин дар Теҳрон ва тамосҳои идомадори масъулини Эрон бо онҳо дар рӯзҳои аввал, аз нигоҳи ҳукумат, пуштибонии Эрон аз мухолифон талаққӣ мешуд, вале ба тадриҷ мақомоти Ҳукумати Тоҷикистон мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Эрон танҳо ба дунболи сулҳу салоҳ дар кишвари дӯсту бародар мебошад. Муовини ҳайати музокиракунандаи давлатӣ менависад :”… шояд ин гуфта барои дарки нақши амиқи Эрон дар раванди сулҳи мо кофӣ набошад, зеро азбаски иддае аз раҳбарони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини Тоҷикистон дар ин сарзамин паноҳандагии сиёсӣ ёфта буданд, пас Эрон аз ибтидо ҳавасманди сомондеҳии музокирот буд ва дар ин росто, воқеан, талошҳои содиқона кард”.

 

Барчасп