Сентябр 12, 2017 11:11 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб: Роҳи ҳалли масъалаи Миёнмор иқдоми амалии кишварҳои мусалмон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо интиқод аз сукут ва беамалии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва муддаиёни ҳуқуқи башар дар қиболи ҳаводиси фоҷеаомези Миёнмор таъкид карданд, роҳи ҳалли ин қазия иқдоми амалии кишварҳои мусалмон ва фишори сиёсиву иқтисодӣ ба давлати бераҳми Миёнмор аст.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз (сешанбе) дар ибтидои ҷаласаи дарси хориҷии фиқҳ, бо таъкид бар лузуми вуруд ва иқдоми амалии давлатҳои исломӣ гуфтанд: “Албатта, манзур аз иқдоми амалӣ лашкаркашӣ нест, балки бояд фишори сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷории худро бар давлати Миёнмор афзоиш диҳанд ва алайҳи ин ҷиноёт дар ҷомеаи ҷаҳонӣ фарёд бикашанд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ ташкили конфронси Созмони Ҳамкории Исломӣ бо мавзӯи фоҷеаҳои Миёнморро зарурӣ хонданд ва хотирнишон карданд: “Дунёи имрӯз - дунёи зулм аст ва Ҷумҳурии исломии Эрон бояд ин ифтихорро барои худ ҳифз кунад, ки алайҳи зулм дар ҳар нуқта аз ҷаҳон, чӣ дар манотиқи ишғолӣ тавассути саҳюнистҳо, чӣ дар Яману Баҳрайн ва чӣ дар Миёнмор, мавзеи ошкору шуҷоонаи худро эълом кунад”.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ коҳиши фоҷеаи Миёнмор ба як даргирии мазҳабӣ байни мусалмонону буддоиҳоро нодуруст хонданду афзуданд: “Албатта, мумкин аст дар ин ҳодиса таассуби мазҳабӣ таъсир дошта бошад, аммо ин қазия - як қазияи сиёсӣ аст, зеро муҷрии он давлат Миёнмор аст ва дар раъси он давлат низ зане бераҳм қарор дорад, ки барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел будаву бо ин иттифоқот, дар воқеъ марги ҷоизаи сулҳи Нобел рақам хурд”.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ бо интиқод аз иктифо кардани дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба маҳкум кардани ҷиноёт дар Миёнмор таъкид карданд: “Муддаиёни ҳуқуқи башар, ки гоҳе барои муҷозоти як муҷрим дар як кишвар ҷанҷолу ҳаёҳӯ мекунанд, дар муқобили куштору овора шудани даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Миёнмор ҳеч аксуламале нишон намедиҳанд”.

 

Барчасп