Сентябр 12, 2017 16:37 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон -бахши ҳафтум

Бахши ҳафтуми хотироти Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистонро, ки ба таври умда ба музокироти сулҳи Тоҷикистон ва нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон мепардозад, мехонед:

Қарор гирифтани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар нақши раҳбарии Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни Тоҷикистон яке аз мароҳили ҳоизи аҳамият дар раванди сулҳсозӣ ва музокироти сулҳи Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Устод Нурӣ илова бар ин ки шахсияти шинохташуда барои нерӯҳои исломии Тоҷикистон буд, мавозеи муътадил ва мусолиҳаҷӯёна дошта, аз кинатузӣ дар рафтори сиёсӣ парҳез менамуд. Бо ҷуръат метавон гуфт, ҳеҷ шахсияти сиёсии дигар ба ҷуз устод Нурӣ наметавонист масъулияти хатарноку ҳассоси ҳамоҳангии сиёсӣ ва низомиро ба уҳда бигирад ва ӯ ин тавоноиро аз худ нишон дод, ки музокироти сулҳро бидуни дахолати фармондеҳону нерӯҳои низомии мухолифин мудирият кунад ва иҷоза надиҳад, Тоҷикистон сарнавишти мушобеҳи Афғонистонро дошта бошад (тафсили кору иқдомоти фавқ ва чигунагии розӣ намудани тарафайн тавассути Эрону Русия барои нишастан даври мизи музокираро ба фурсати дигаре мегузорем ва дар ин ҷо мухтасаран ба давраҳои музокироти сулҳу нақши Эрон ишора мешавад).

Русия дар ибтидо ба роҳҳали низомӣ муътақид буд ва ҷиҳати ҳимояти комил аз ҳукумати ҷадиди Тоҷикистон зимни ақду паймони дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳукумат ва афзоиши теъдоди нерӯҳояш дар Тоҷикистон мутааҳҳид гардид, ки дар муқобили таҳоҷуми хориҷӣ нерӯҳои русӣ аз ин кишвар ҳимоят мекунад. Пас аз ташкили Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки пас аз гузашти муддате аз паноҳанда шудани онҳо ба кишварҳои мухталиф сурат гирифт, ҳамлаи нерӯҳои низомии мухолифин аз дохили Афғонистон ба марзи Тоҷикистон ва кушта шудани теъдоде аз марзбонони рус сабаби тағйири сиёсати Русия дар Тоҷикистон гардид ва он кишвар ба дархости миёнҷигаронаи Созмони Милали Муттаҳид ва талошҳои Эрон рӯйи хуш нишон дода, дар ин росто сафари намояндаҳои Созмони Милали Муттаҳид ба Тоҷикистон ва низ мулоқотҳои Эрону Русия дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ ва муовинони онҳо идома ёфт, то ин ки дар исфанди соли 1372 (моҳи марти соли 1994) муовини вазири умури хориҷии Русия дар сафар ба Теҳрон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон барои шурӯи музокироти сулҳи байни тарафҳо аз тариқи Созмони Милали Муттаҳид расман тақозои мусоидат намуд ва бад-ин тартиб аввалин даври музокирот дар моҳи апрели соли 1994 дар Маскав оғоз гашт. Ба дунболи даври аввали музокирот дар Маскав, ки тарафайн бештар ба чигунагии пешбурди музокирот пардохта ва вориди асли музокирот нашуда буданд, даври дувум дар тирмоҳи соли 1373 (моҳи июни соли 1994) дар Теҳрон баргузор шуд. Дар музокироти даври дувум дар Теҳрон пешрафтҳои хубе дар шинохти дидгоҳҳои тарафайн ба даст омад ва чорчӯбе барои оташбас гузошта шуд, аммо таърихи он муайян нагардид. Пас аз бозгашт ба Душанбе ман ба талошҳои худ идома додам, то Ҳукумати Тоҷикистон омода шуд, ҳайати музокиракунанда ба раҳбарии Абдуламҷид Достиев (болотарин мақом пас аз раиси ҳукумат дар Тоҷикистон)-ро барои даври машваратӣ дар 22-юми шаҳривари соли 1373 ба Теҳрон эъзом кунад. Банда ҳайатро ҳамроҳӣ намудам. Чернишев, муовини вазири умури хориҷии Русия низ ба Теҳрон омад.

Бо таваҷҷуҳ ба ихтилофи назару сарсахтии тарафайни тоҷик дар мавозеи худ, ки дар даври дуюм дар Теҳрон дар мавриди таърихи оташбас нишон дода буданд, ба дунболи роҳи бурунрафт ва пайдо кардани роҳҳал ба фикр афтодам, ки қабл аз ҷаласаи расмӣ (рӯзи баъд, соати 11 ташкил мешуд) мулоқоти хусусӣ байни оқои Достиев ва устод Нурӣ, раиси ИНОТ (дар он таърих дар Теҳрон ба сар мебурд) тартиб диҳам. Гарчи хеле умедвор набудам, вале дӯстию самимияте, ки байни ману он ду нафар вуҷуд дошт, ба ман ҷуръат дод, ки шабҳангом, чанд соат пас аз вуруди ҳайати ҳукуматӣ ба Теҳрон мавзӯъро бо ҳарду нафар, ки дар маҳаллаҳои ҷудогона иқомат доштанд, дар миён бигузорам. Хушбахтона, бо ҷавоби мусбати ҳарду мувоҷеҳ шудам ва фардо, субҳи зуд ин мулоқот иттифоқ афтод. Пас аз чанд дақиқа суҳбати муқаддамотӣ, хайрамақдам гуфтан ба устод Нурию оқои Достиев, ҳангоми тарки утоқ тасаввур мекардам, мулоқот беш аз чанд дақиқа тӯл намекашад, аммо ин ду нафар беш аз се соат бо ҳам гуфтугӯ карданд. Дақоиқи сахте дар пушти дар бар ман гузашт, чун намедонистам, чӣ вазъе бар музокирот ҳоким аст. Баъд аз итмоми ҷаласа аз суҳбатҳое, ки бо тарафайн доштам, дарк намудам, ин мулоқот нуқтаи атфе дар раванди гуфтугӯҳои сулҳ буда ва ҳарчанд ихтилофи назарҳое байни тарафайн вуҷуд дорад, аммо ҳарду қавиан хостори таваққуфи ҷангу ҷилавгирӣ аз талафоти инсонию моддӣ дар Тоҷикистон ҳастанд ва ҳарду ғами миллату Ватан доранд. Дар натиҷаи таъсири мусбати ин мулоқот, хушбахтона, музокироти расмии ҳайати оппозитсиюн (ба риёсати оқои Тӯраҷонзода) ва ҳайати ҳукумат (ба риёсати оқои Достиев) дар Теҳрон ба натиҷа расид ва дар поёни музокирот машварати Мувофиқатномаи оташбаси муваққат дар 17-уми сентябри соли 1994 ба имзои тарафайн расид. Муовини ҳайати ҳукуматии музокиракунанда муътақид аст: "Бояд бигӯям, ки маҳз бо ибтикори Шабистарӣ буд, ки даври дувум бидуни натиҷаи матлуб ба анҷом нарасид. Созишнома дар бораи оташбаси муваққатӣ ва қатъи дигар амалиёти душманона дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дар дохил кишвар на дар даври сеюми Исломобод, балки дар як мулоқоти машваратие, ки дар Эрон доир шуд, ба имзо расид".

Муофиқатномаи Теҳрон бунёни муҳиме барои пешбурди музокирот шуда ва то ба натиҷаи ниҳоӣ расидан ҳамвора ба он истинод шуда ва меъёре барои арзёбии вафодории тарафайни мутахосим барои ҳаллу фасли сиёсӣ талқин мешуд.

 

Барчасп