Сентябр 13, 2017 16:58 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон - Бахши ҳаштум

Бахши ҳаштуми хотироти Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ нахустин сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистонро дар бораи раванди музокироти сулҳи Тоҷикистон ва нақши Ҷумҳурии Исломии Эрон мехонед.

Шӯрои амният дар баёнияе дар 22 сентябри 1994 (31 шаҳривари 1373) аз мувофиқатномаи Теҳрон истиқбол намуд: "Шӯрои амният мувофиқатномаи оташбаси муваққатро, ки намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик дар 17 сентябри 1994 дар Теҳрон бо талоши фиристодаи вижаи дабири кулли СММ ва бо мусоидати намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия ва дигар кишварҳо, ки дар музокироти байни тоҷикон ба унвони нозир ширкат карданд, мавриди истиқбол қарор медиҳад."

Дар даври севуми музокирот, ки аз 20 октябр то аввали ноябри 1994 дар Исломободи Покистон баргузор шуд, дар ҷиҳати эҷоди эътимоди байни тарафайн, дар замимае ба баёнияи муштараки натоиҷи даври севум, феҳристи номҳои 27 нафар зиндониёни мухолифин (дар муқобили озодии 27 нафар аз сарбозони давлатии асир дар дасти мухолифин), ки то соати 24 рӯзи 5 ноябр бояд озод мешуданд, эълом гардида буд.

Тибқи мувофиқати баамаломада байни давлат ва мухолифон, субҳи рӯзи 5 ноябри 1994 давлати Тоҷикистон 27 нафар аз зиндониёнро дар ихтиёри намояндаи Салиби Сурхи байналмилалӣ қарор дод, то ҷиҳати мубодила бо асирони ҷангӣ ба шаҳри марзии Хоруғ (Бадахшон) интиқол дода шаванд. Дар замоне ки зиндониён дар масири фурудгоҳ буданд, оқои Бото, намояндаи нозири Созмони милал дар Душанбе ба маҳали иқомати сафири Эрон дар ҳутел муроҷиа кард ва бо ишора ба пайгириҳои мукаррари сафир дар мавриди табодул гуфт, дар сурат тамоюл метавонам ҳамроҳи ӯ ва намояндаи Салиби Сурх ба Хоруғ биравам. Бо истиқбол аз пешниҳоди вай, бидуни онки аз давлати матбуам муҷаввизе дошта бошам, дар фурудгоҳ ба намояндагони Салиби Сурх ва Созмон Милал мулҳақ шудам.

Пас аз пиёда шудан аз чархбол дар фурудгоҳи Хоруғ мутаваҷҷеҳ шудем, ки ҳанӯз аз интиқоли сарбозони асир (ки пас аз дастгирӣ тавассути неруҳои мухолифон дар Баҳораки Афғонистон нигоҳдорӣ мешуданд) хабаре нест. Дар айни тааҷҷуб мунтазир будем, ки зарфи як-ду соат бирасанд то табодул сурат гирад. Баъдан аз иттилооти такмилӣ мушаххас шуд, ки Ризвон Содиров (фармондеҳи низомии мухолифон дар Баҳорак) қасди таҳвили 27 сарбози давлатиро надорад. Дақоиқе баъд ин хабар ба Душанбе расид ва давлати Тоҷикистон дархост намуд, ки намояндагони Салиби Сурх ва Созмони милал зимни эъломи нақзи аҳд аз сӯи мухолифон зиндониёнро ба Душанбе бозгардонанд. Дархости давлат комилан дуруст буд ва мавзӯи нақзи аҳд аз сӯи мухолифон расонаӣ шуд. (Лозим ба зикр аст мухолифон ва давлат дар тӯли музокирот борҳо ҳамдигарро ба нақзи аҳд муттаҳам карда буданд ва дар мавориде идомаи музокирот бо мушкилоте рӯбарӯ шуда буд.)

Бидуни тардид адами анҷоми табодул (ки қадаме дар ҷиҳати эътимодсозии байни тарафайн буд) сабаби ташдиди ҷанг ва зиёдтар шудани куштаҳо ва маҷрӯҳон аз ду тараф мегардид. Зимни машварат бо оқои Бото, пешниҳод кардам то вай ба Душанбе бозгардад ва ман ва намояндаи Салиби Сурх каме бештар дар Хоруғ бимонем, шояд имкони табодул пеш биёяд. Ахборе, ки аз афроди мухталиф мерасид, ҳамагӣ ҳокӣ аз ин буд, ки фармондеҳи низомии мухолифон ҳозир нашуда сарбозони асирро таҳвил диҳад.

Дар сӯҳбатҳое, ки бо муҷоҳидини мустақар дар Хоруғ ба амал омад, маълум гардид, ки онҳо ҳар рӯз ду бор (соати 8 субҳ ва 8 шаб) бо бесим (ратсия) бо Ризвон тамос мегиранд. Соати 8 шаб беш аз як соат бо ӯ сӯҳбат кардам. Номбурда ба ҳеҷ ваҷҳ ҳозир набуд ончиро, ки раҳбарони сиёсии мухолифон тавофуқ кардаанд, иҷро кунад ва ба раҳбарони мухолифон ва давлат душном медод. Дар поёни сӯҳбатҳо гуфт: "Оқои Шабистарӣ ман барои шумо эҳтироми зиёде қоил ҳастам, вале ин афроде, ки давлат аз зиндон озод карда, ба чӣ дарди ман мехӯранд! Агар Алибоксёрро озод кунанд, ман таёрам сарбозонро озод кунам". Достони шароратҳои Алибоксёр ва зиндонӣ шудани вай ҳеҷ гуна рабте ба зиндонёни озодшуда надошт ва аслан дар феҳристи номҳои мавриди тавофуқи тарафайн дар Исломобод ҳам гунҷонида нашуда буд ва ба таври қатъ ва яқин, давлат ҳам чунин фардеро набояд озод мекрд.

Чун эҳтимол медодам оқои Борсингер намояндаи Салиби Сурх бо шунидани ҷавоби манфӣ ва қатъии Ризвон, тасмим ба бозгашт ба Душанбе бигирад, ончиро аз ӯ шунида будам ба таври комил ба намояндаи Салиби Сурх интиқол надодам ва ба таври иҷмолӣ ба вай гуфтам, ки фармондеҳи низомии мухолифон ҳанӯз розӣ ба таҳвил нашудааст ва бояд бештар бо вай музокира кунам.

Дар сармои Бадахшон, он шабро то нима дар автомобили Салиби Сурх будам ва чун сармо то устухон нуфуз мекард ва равшан гузоштани автомобил (дар шароити камбуди бензин) кори дурусте набуд, иҷборан ними дигари шабро дар хонаи Балхёр Замиров ҳокими Бадахшон гузарондам. Воқеият ин буд, ки кори мубодила ба бунбаст хӯрда ва лозим буд, ки фардо зиндониёни озодшуда ба Душанбе бозгардонда шаванд. Дар чунин шароите танҳо умеди ман ин буд, ки рӯзи баъд ҳавои Хоруғ абрӣ бишавад то имкони парвоз вуҷуд надошта бошад ва давлат барои бозгардондани зиндониён фишор наовард. Дар соатҳои тӯлонии бедории шаб, гузинаҳои мухталифро дар зеҳни худ мурур мекардам. Аз ҷумлаи онҳо (ба унвони охирин роҳи ҳал) рафтан ба маҳали истиқрори фармондеҳи низомии мухолифон дар шаҳри Баҳораки Афғонистон буд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба инки худам бо либоси расмӣ сирфан барои сафари чаҳор-панҷсоата ба Хоруғ омада ва гузарнома ҳамроҳ надоштам ва бо иноят ба инки намояндаи Салиби Сурх фақат маъмурияти табодул дошт ва на озод кардани асирони ҷангӣ, анҷоми онро хеле воқеӣ намедонистам.

Ба лутфи Худованд субҳи рӯзи дувум (6 ноябри 1994) ҳаво абрӣ шуд. Соати 8 бори дигар бо Ризвон сӯҳбат кардам, ҷавоби шаби қаблро такрор кард. Дар вазъияти фикрӣ ва рӯҳии аҷибе қарор гирифта будам. Аз тарафе маъмурияте аз давлати худ барои сафар ба Хоруғ ва ҳамроҳии Салиби Сурх надоштам (ва агар муваффақ намешудам ба эътибори худ ва кишварам латма мехӯрд ва ба эҳтимоли зиёд аз сӯии вазири хориҷаи Эрон мавриди бозхост қарор мегирифтам) ва аз сӯи дигар намояндаи Салиби Сурх фақат масъули мубодилаи асирон ва зиндониён буд ва вақте ин кор муяссар нагардид, мебоист зиндониён ба Душанбе баргардонда мешуданд. Дар ин шароит, нигаронии шадиди зиндониёни интиқолдодашуда ба Хоруғ аз эҳтимоли анҷом нашудани табодул, бори масъулияти инсонии маро бештар мекард.

Наздикии зӯҳр дил ба дарё зада ва идаоеро, ки дар автомобили Салиби Сурх дар шаби қабл ба зеҳнам омада буд, бо шакку тардид бо оқои Борсингер матраҳ кардам. дар посух гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба инки Афғонистон ноамн ва гурӯҳҳои мутахосим дар ҳоли ҷанг мебошанд ва эҳтимоли гаравгон гирифта шудани сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёд аст, дар сурате ки худи шумо салоҳ бидонед ва ҳамроҳ бошед, ман ҳам иҷозаи масъулини марбутаи Салиби Сурхро хоҳам гирифт."

Барчасп