Сентябр 14, 2017 10:08 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Путин алоқаманд ба густариши равобит бо Эрон аст

Вазири хориҷаи Эрон гуфт: Раиси ҷумҳурии Русия алоқаманд ба густариши равобит бо Эрон аст ва равобити мавҷуд метавонад пешрафтҳои бештаре дошта бошад.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири хориҷаи Эрон асри чаҳоршанбе пас аз дидор бо Владимир Путин раиси ҷумҳурии Русия дар шаҳри Сочи дар гуфтугӯ бо хабарнигорон таъкид кард: Дар гуфтугӯ бо раиси ҷумҳурии Русия таъкид шуд, БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ) ғайриқобили музокира ва як тавофуқи ҳамаҷониба байналмилалӣ аст ва ҳамаи тарафҳо бояд ба БАРҶОМ мутааҳҳид бошанд.

Зариф ҳамчунин тасреҳ кард, ҳамкории хубе байни Эрон ва Русия барои эҷоди оромиш дар Сурия вуҷуд дорад, ки умедворем дар нишасти музокироти сулҳи Сурия дар шаҳри Остона, муваффақиятҳои бештаре барои барқарори оромиш ва шурӯи раванди сиёсӣ дар Сурия ба даст ояд.

Вазири хориҷаи Эрон бо Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия ҳам дидор ва таҳаввулоти муҳими минтақаи Ховари Миёнаро бо вай баррасӣ кард.

Вазири хориҷаи Русия дар ин дидор, пойбандии Эрон ба тааҳҳудоташро бар асоси БАРҶОМ таъйид ва бар гуфтугӯи кишварҳои арабии минтақа бо Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард.

Вазири хориҷаи Эрон субҳи рӯзи чаҳоршанбе барои дидор бо масъулони олирутбаи Русия ба шаҳри Сочи, маҳали иқоматгоҳи расмии тобистонии Владимир Путин сафар кард.

Барчасп