Дидори масъулони ҳаҷи Эрон ва Арабистон дар Маккаи Мукаррама
Сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ ва Вазири ҳаҷи Арабистони Саудӣ дар дидоре, дар шаҳри Маккаи Мукаррама бар зарурати тавофуқи ду кишвар барои ҳамкорӣ дар заминаи баргузории Ҳаҷи умра таъкид карданд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Ҳаҷ, ҳуҷҷат-ул-ислом Сайидалии Қози Аскар, сарпарасти ҳоҷиёни эронӣ, рӯзи чаҳоршанбе дар ин дидор гуфт, бар асоси раҳнамудҳои мақоми муаззами раҳбарӣ, Эрон ҳаҷро конуни ваҳдати уммати исломӣ медонад.
Вай афзуд, Эрон тарҳи масоили фирқаӣ ва мазҳабӣ ва доман задан ба ихтилофотро хилофи фалсафаи Ҳаҷ медонад ва ҳузури густурдаи ҳоҷиёни эронӣ дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоати аҳли суннат, гувоҳи ин муддаост.
Қозӣ Аскар гуфт, ҳамакнун, ки биҳамдулиллоҳ ҳаҷ ба оромӣ ва хубӣ баргузор шуд, бояд шароитро барои як тавофуқи пойдор дар заминаи Ҳаҷи умра фароҳам кунем ва бо ҳамкориҳои муштарак гомҳои баланде барои муваффақияти ҳарчи бештар дар оянда бардорем.
Муҳаммад Солеҳ Бинтан, Вазири ҳаҷи Арабистони Саудӣ низ аз талошҳои Эрон барои омӯзиши ҳоҷиён, иттилоърасонии ба мавқеъ ба онон ва иҷрои тавофуқҳои анҷом шуда, ташаккур кард ва гуфт, «мо тамоми талоши худро бакор гирифтем, то амният ва оромиши тамоми ҳоҷиён, аз ҷумла ҳоҷиёни эронӣ таъмин гардад ва аз инки ҳамакнун онон бидуни дағдаға ва бо хотири ором ба кишварашон боз мегарданд, бисёр хурсандам.»
Ҷумҳурии Исломии Эрон имсол пас аз як сол вақфа, баъд аз онки аз мақомҳои Арабистон барои ҳифзи амнияти шаҳрвандони худ замонатҳое дарёфт кард, зоирони эрониро ба маросими Ҳаҷ фиристод.
470 зоири эронӣ дар ҳаҷи соли 2015 дар саҳрои Мино, ҷони худро аз даст доданд.