Сентябр 14, 2017 18:48 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики Башор Асад ба Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Қадрдони Эрон ҳастем

Раисиҷумҳури Сурия дар паёми табрикӣ ба Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, мардуми Эронро ҳомии миллати Сурия дар ҷанг алайҳи терроризм донист.

Ба гузориши ИРНА, Башор Асад дар ин паём дастовардҳои роҳбурдии артиши Сурия ва неруҳои муқоваматро дар шикастани муҳосираи шаҳри Дайр- аз- Зур ба эшон табрик гуфт ва аз давлат ва миллати Эрон барои ҳамкорӣ бо Сурия, дар мубориза бо терроризм қадрдонӣ кард.

Раисиҷумҳури Сурия дар ин паём бо қадрдонӣ аз мавозеи усулии Ҷумҳурии Исломии Эрон алайҳи терроризм, гуфт, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ, мардум ва давлати Эрон ҳамвора ҳомии Сурия ҳастанд.

Артиши Сурия ва неруҳои муқовамат, панҷуми сентябри 2017 муваффақ шуданд муҳосираи беш аз се солаи шаҳри Дайр-аз Зурро бишикананд.

Буҳрон дар Сурия аз сол 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳ‎ҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон, аз ҷумла Туркия барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режими саҳюнистӣ оғоз шудааст.

Неруҳои сурӣ ба кумаки неруҳои меҳвари муқовамат дар моҳҳои ахир тавонистаанд, зарбаҳои сахте ба террористҳо ворид кунанд.

 

Барчасп