Август 15, 2016 10:14 Asia/Dushanbe

Гуштигири вазни 75 килограмми Эрон дар риштаи фарангӣ, медали биринҷии олимпикро касб кард.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Саиди Абдувалӣ, намояндаи вазни 75 килограмми гуштии фарангии Эрон нахустин медали гуштии Эрон дар рақобатҳои олимпики 2016-ро аз они худ кард.

Саиди Абдулвалӣ, дорандаи медали тиллоии соли 2011-и ҷаҳон дар дидори радабандии вазни 75 килограмми гуштии фарангии олимпики 2016 ба масофи Питер Бошӣ,  гуштигири куҳнакори маҷористонӣ рафт ва дар поён бо натиҷаи 5 бар 2 гардановези биринҷии олимпикро аз они худ кард.

Абдулвалӣ дар идома дар марҳалаи шанси муҷаддад муваффақ шуд, Виктор Немес аз Сербияро бо ҳисоби 2 бар 2 аз пеши рӯ бардорад ва роҳии дидори радабандӣ шавад.