Сентябр 16, 2017 12:48 Asia/Dushanbe
  • Ногуфтаҳое аз равобити Эрону Тоҷикистон ва музокироти сулҳи тоҷикон -Бахши нуҳум

Нуҳумин бахши хотироти Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ сафири собиқи Эрон дар Тоҷикистонро дар зер мехонед.

Ба пешниҳоди ман ба Ишкошим - шаҳри марзӣ рафта ва бо фармондеҳи русӣ дар марз сӯҳбат кардем. Ба фармондеҳ гуфтам, ки ман гузарнома ҳамроҳ надорам оё иҷозаи хуруҷ аз марзро хоҳад дод. Вай бо ишора ба ахборе, ки аз тариқи радио шунида буд, гуфт, аз ҳузури сафири Эрон дар Хоруғ иттило дорад ва хуруҷи ман аз марз бидуни гузарнома мушкиле надорд ва албатта ҳар гуна масъулияте бо худи ман хоҳад буд. Зимнан изофа кард, ки рафтан то Баҳорак ақалан як рӯз вақт лозим дорад ва беҳтар аст аз вақти боқимондаи асри он рӯз истифода карда ва дар он тараф (Ишкошми Афғонистон) бо қумандон (фармондеҳ-афсар)-и марзӣ ҳамоҳанг кунед. Билофосила роҳ афтодем ва пас аз паймудани масофаи кӯтоҳ, вале санглох бо қумандон Муллозокир мулоқот кардем ва қарор шуд субҳи зуд роҳ бифтем. Қумандон пешниҳод кард, бо таваҷҷуҳ ба инки ҷоддаро (ки ҳеҷ гуна аломате надорад) гум накунем, шахсе ҳам, ки дар Баҳорак ба кори муаллимӣ машғул аст (ва чанд рӯзе аст, ки мунтазири убури мошине ба самти он шаҳр мебошад) ба унвони роҳнамо бо худ ҳамроҳ кунем.

Бо иноят ба инки яқин доштам дар мулоқот бо Ризвон, ӯ ҳарфҳои тунде бар алайҳи Салиби Сурх ҳам ба забон меовард ва мутарҷими Салиби Сурх (хонуми узбак ва мусаллат ба забонҳои русӣ, англисӣ, фаронса ва форсӣ- тоҷикӣ) низ айнан тарҷума мекунад ва музокирот бо бунбаст мувоҷеҳ мешавад, бо баҳона намудани ноамнии Афғонистон барои мутарҷим, ба оқои Борсингер пешниҳод кардам, ки мутарҷим дар Ишкошими Тоҷикистон боқӣ бимонад ва ман худам кори тарҷума дар Афғонистонро ба уҳда мегирам.

Рӯзи 7 ноябр пас аз 12 соат ронандагӣ ва убур аз кӯҳу дашт ва ҷодаҳои хатарноки ноҳамвор (ки ба хотири дарди сутунмуҳра имкони нишастан бар рӯйи сандалӣ бароям вуҷуд надошт ва саъй доштам дар тули масир ниманишаста ва нимаистода бошам), шомгоҳ ба Баҳорак расидем ва моро ба хонаи ҳокими шаҳр ҳидоят карданд. Дар масири ҳаракати пиёда, ду нафар, ки ба суфориши устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ барои розӣ нмудани Ризвон рӯзи қабл аз Теҳрон ба Баҳорак омада буданд, худро ба ман расонда ва гуфтанд, бо ин дарди камар ин ҳама роҳро беҳуда омадаед, мо ҳар чӣ талош кардем, Ризвон омода нашуд асирҳоро озод кунад. Посух додам, фардо ман ҳам саъйи худро мекунам то бубинем чӣ пеш меояд!

Мулоқот субҳи рӯзи 8 ноябр шурӯъ шуд. Ризвон дар ибтидо ҷору ҷанҷол роҳ андохт ки чаро ба Баҳорак омадаед, ман ки гуфтам сарбозонро таҳвил нахоҳам дод, магар онки Алибоксёр озод шавад. Сипас ҳар чӣ метавонист ба раҳбарони сиёсии мухолифон ва давлат ва намояндаи Салиби Сурх (ва гоҳе вақтҳо ба таври ғайримустақим ба худ ман!) дашном нисор кард (ки албатта ончи марбут ба Салиби Сурх буд, тарҷума намекардам). Мегуфт, феҳристи зиндонёни озодшуда бидуни машварат бо вай таҳия шудааст! Шикоят дошт, ки раҳбарон будҷаи кофӣ дар ихтиёраш намегузоранд. Аз сӯҳбатҳояш комилан маълум буд, ки нисбат ба раҳбарони сиёсӣ тамарруд ва саркашӣ намуда ва ҳарфшунавие аз онҳо надораду худро мулзам ба иҷрои тавофуқи онҳо бо давлат намедонад. Ба ҳеҷ ваҷҳ омодаи вуруд ба баҳси озодии сарбозони асир набуд. Исрори ман бо инкори ӯ рӯбарӯ мешуд ва пас аз панҷ соат музокира гуфт, аз ҳамон роҳе ки омадаед, баргардед! Бо вуҷуди бархурди бисёр беадабона ва ғайримасъулонаи ӯ, се соати дигар ба сӯҳбат кардан ва мулоим намудан мавозеъ идома додам то ҳозир шуд, ки фақат 17 нафарро озод кунад! Кӯтоҳи сухан инки пас аз баҳсҳои фаровон билохира наздикҳои ғуруб, сабру бурдборӣ ва истифода аз фунуни мухталифи музокира (ва эътиқод ба ин амр, ки ҳатто бо сарсахттарин афрод бояд диалог барқарор кард), натиҷа дод ва муваффақ шудам, ки қавли озодии 27 нафарро бигирам (ки ду нафар аз онҳо ба малария мубтало шуда ва вазъи бисёр асафборе доштанд) ва қарор шуд, фардо субҳ ба самти марз ҳаракат кунанд, то шомгоҳ ба Хоруғ бирасанд.

Бо назардошти инки дар Баҳорак теъдоди автомобилҳо ангуштшумор буд ва автобус вуҷуд надошт, таҳияи василаи нақлия барои интиқоли сарбозон худ мушкили дигаре буд. Шомгоҳ аз тариқи ҳокими Баҳорак, як мошини боркашонии Рио (модели 40 сол қабл) таҳия шуд. Бо таваҷҷуҳ ба инки фарсуда ва суръати он бисёр кам буд, қарор гузоштем, ки сарбозон соати 7 субҳ бо ҳамон мошин ва ман ва оқои Борсингер соати 9 бо автомобили ҷипи Салиби Сурх роҳ биафтем. Тақрибан ним соат баъд аз ҳаракат аз шаҳр мутаваҷҷеҳ шудем, ки ба сабаби ишколи фаннӣ мошини Рио дар миёнаи роҳ мондааст. Чун имкони таъмир ва ё ҷойгузинӣ дар Баҳорак вуҷуд надошт, иҷборан фардеро ба Ишкошими Тоҷикистон эъзом кардем, то мошине аз онҷо таҳия кунад. Хулоса он ки наздикҳои азони субҳи рӯзи баъд сарбозон ба Ишкошими Афғонистон расида ва дар масҷиде тавауққуф карданд. Рӯзи 10 ноябр (пас аз гузашти 5 рӯз аз мавъиди муқаррар) вақте сарбозон ба пушти марзи Тоҷикистон расиданд, иттилоъ ёфтем, ки давлати Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба онҳо намедиҳад. Бо таваҷҷуҳ ба инки 5 рӯз аз замони тавофуқ шуда таъхир шуда буд, давлати Тоҷикистон ҳақ дошт, ки ба хотири нақзи аҳд аз сӯи мухолифон, сарбозонро напазирад.

Бо танҳо василаи иртиботии намояндаи Салиби Сурх (телефони моҳвораии 8-килоӣ, ки охирин модели рӯз буд!) бо мушкилоти фаровон бо намояндаи вижаи дабири кулл дар Нию-Йорк, бо вазири хориҷаи Эрон, ва муовини вазири хориҷаи Русия тамос гирифта ва зимни шарҳи рухдодҳо, аз онҳо дархост намудам ки президент Раҳмонро розӣ кунанд то иҷозаи вуруд ба сарбозон ва табодули онҳо бо зиндониёнро содир намояд.

Дилҳураҳо ва нигариноиҳои 5 рӯзи гузашта як тараф, вале дилҳураи чаҳор-панҷ соатае, ки пушти марз мунтазири муҷаввизи вуруд ба дохили Тоҷикистон будем, қобили тавсиф нест. Дар сурати розӣ нашудани ҳукумати Тоҷикистон, тамоми заҳматҳо барои мубодила барбод рафта, даргириҳо ташдид ёфта ва талафот зиёдтар мешуд. Хушбахтона президент Раҳмон ба хотири сулҳу салоҳи кишвар мувофиқат кард ва табодули сарбозон ва зиндониён дар Хоруғ анҷом шуд ва ба ҳамроҳи сарбозони озодшуда ба Душанбе баргаштем.

 

Барчасп